​Изҳорот: Мусбиятро афзал донед!

Ҷаҳониён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун асосгузори дипломатияи байналмилалӣ дар ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об эътироф кардаву иқдомҳои наҷибонаи ӯро дар ин самт ҷиҳати эълон гардидани “Соли 2003 - соли умумиҷаҳонии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” давоми солҳои 2005-2015-ум, “Соли 2013 - соли ҳамкории байналмилалӣ дар ҳифзи захираҳои об” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” давоми солҳои 2018-2028-умро ғояҳои оламшумули тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд. Чунин мусбиятҳо бошад, муаррифгари миллату халқи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонист, ҳар як фарди соҳибдилу ватандӯст бо ин дастовардҳо ифтихор менамояду қаноатманд аст, ки тақдир дар насибашон чунин сарвари олиҳимматро муқаррар кардааст.

Аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон қабул гардидани буҷети таҳиянамудаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва баимзорасии он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати нави сиёсати инсондӯстона ва ҷасорати беандозаи ин шахсияти мӯътабар мебошад. Зеро, дар он даврае, ки сарони давлатҳои ҷаҳон ҷиҳати раҳоӣ аз касодии буҷети мамлакатҳояшон чораҷӯӣ доранд, буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзоиши ҳаҷми он нисбат ба соли пешин то 6,1 фоиз қабул шудааст ва зиёда аз 47 фоизи он барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Гузоштани ҳадафҳои баланд ва кӯшиши расидан ба қуллаҳои нави таърихӣ шаҳодати бемисли оқилию хирадмандии Пешвои муаззами миллат аст, ки ҳар як фард мебояд ба он иқрор шуд. Мардуми шарифи Тоҷкистон итминони комил доранд, ки дар натиҷаи заҳматҳои дастаҷамъона ва ваҳдати миллӣ ҳадафҳои пешбинигардида ҳатман амалӣ мешаванд.

Вале, бархе аз буздилони пессимист, ки бар ҷазои хиёнатпеша буданашон азоби ватангадоӣ мекашанд, то ҳанӯз аз мақсаду ғаразҳои нопокашон даст накашидаанд. Бо сарфи маблағи хоҷагони хориҷӣ ин тоифаи нобакорони палид ба монанди собиқ роҳбари ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъ Муҳиддин Кабирӣ ва думравони чоплусу ландаҳураш М. Салимпур, Ш. Гадоев, М. Садриддин, Сайид Юнуси Истаравшанӣ ва нафарони дигари гумроҳшуда дастовардҳои ҷомеаи Ватани аҷдодиашонро нодида мегузинанд. Дур аз Ватан дар домани аҷнабиён ҷой гирифта “чирккобӣ аз зери нохун”-ро ба худ касби асосӣ тарошида ва бо маълумотҳои ҳавоии “бузҳо”-и дохили кишвар тӯҳмату бӯҳтон мебофанд ва ҳангомаи хартозӣ мекунанд. Бехабаранд, ки хоҷагонашонро онон зочаю лӯхтаканд ва рӯзе мерасад, ки худи хоҷагони хориҷиашон ононро чун духтаре, ки лӯхтаки кӯҳнашудаашро ба партовҷой ҳаво медиҳад, ба ахлоттӯдаи таърих сарозер мениҳанд. Аз дилсиёҳиву кинаву адоват, бахилию ҳасадхӯриашон бехабаранд, ки ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори хоса дораду сиёсатмадорони олам суханҳои бофтаи иғвоангези аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломро хоҳиши шунидан надоранд. Зеро, дида истодаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаи бузурги осмонбӯсро мемонанд, ки ба тани он дигар сангрезаҳои ҳавододаи душманонаш коре наояд ва зараре натавонад расонид. Ҷаҳониён дарк кардаанд, ки ҳақиқат дар куҷост ва ҳатто ба гӯши онон ҳарзагӯиҳои наҳзатиёни ифротӣ намефорад. Зеро, чашми биною ақли солим доранду дида истодаанд, ки дар миқёси олам Тоҷикистон муаррифгари мусбиятҳост ва халқи соҳибфарҳангу тамаддунофараш ба заҳмати суботкоронаи ободу зебо гардонидани кишвар машғуланд. Ягон фарди соҳибақлу боидроки Тоҷикистон дигар фирефтаи фиребу найрангҳои аблаҳонаи рӯбоҳи маккор – Муҳиддин Кабирӣ намешавану ҳатто думравони дар гирди ӯ буда танҳо ба хотири дарёфти маблағи муфт таммалуқкорӣ мекунанд. Ҳаргиз ягон фарди солимфикр фирефтаи нағмаи наҳзатиёни ифротӣ намешаваду чархи гардун ба сари гардани онҳо худ зарбае хоҳад зад, ки аз пошхӯрии майнаи холиашон асаре нахоҳад монд.

Тоҷикистону тоҷикистониён бо Пешвои муаззами миллати худ ифтихор доранд, ба Ватани маҳбуби худ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа содиқанд ва ҳамеша бо якдилию ваҳдат ва сарҷамъона бар зидди наҳзатиёни ифротӣ мубориза мебаранд.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ