Изҳорот: Хиёнат чист?

Вақте оиди навори «Хиёнат»-сухан рафт , ба хулоса омадем, ки ин дар ҳақиқат бозгашт аз ҷаҳаннам, ҷаҳаннаме, ки оташи сӯзони он на танҳо ҷисм, балки ҷаҳонро месӯзонад. Суханоне мегӯяд, ки ,” бо сароҳат мегӯям ва дар муқобили шумо ба монанди кӯҳ устувор меистам ва ҳеч сари тарсе надорам.

Бобоям бобокалонам, падарам ва худи ман бо писаронам барои ин миллат корҳоеро анҷом додаем ва савганд ба Аллоҳ Раҳмонов ҳеч яки онро анҷом надодааст. Мо бо буҷаи давлат ва мардуму кишвар ин корро накардаем, он аз худи мо буд ва барои ин миллат кардаем ва бо итминон мегӯям, мо ҳаргиз чоплус, маддоҳ, лаганбардор набудем ва мардона пеш аз ман зистанду ман ҳам чунон хоҳам зист ва ба фарзандонам ҳам ин васияту насиҳатро мекунам, ки чун аҷдодашон бошанд”.

Ин тоифа дар ғурбат бо оворагардиву чоплусии хоҷагони худ машғул буда, мехоҳанд бори дигар ватани моро оғўшатаи хун созанд. Касе агар аз сиёсат, аз расми давлатдориҳо дар масири таърих андак бохабар аст, пас медонад мамлакатеро, ки дар натиҷаи дасисаи душманонаш ба майдони ҷанги ҳамватанон табдил гардида, баъд аз дарки ҳақиқат мехоҳад зудтар аз доми балоҳо наҷот ёбад, бе ҷавҳари солим ва ҳаётбахши мафкураи умуми миллат аз варта берун, зиёда аз ин, ба роҳи тараққиёти ҷаҳони муосир гузаштан мушкилиҳо дорад.

\Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ба он марбут дар ҳаёти сиёсии давлат яке аз зуҳуроти якдилонаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини амнияти миллӣ бо ҳама паҳлўҳояш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳаёти халқ марбут аст.

Бояд мо ба қадри сулҳу салоҳи Тоҷикистон бирасем, осмони софу беғубори онро нигоҳ дорем, Хизматҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳи Тоҷикистон беандоза бузург аст. Зери роҳбарии ин марди хирад, Пешвои ҳақиқии миллат бояд чунон зиндагӣ намоем, чунин тифоқ бошем, ки касе моро раҳна карда натавонад.

Раҳимов А.-сармуаллим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ