​ДДХ: пешрафти донишҷӯён 95,0%-ро ташкил менамояд

Давоми 13 ҳафтаи таълимии нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 назорати мунтазами санҷишҳои ҷорӣ ва фосилавӣ аз ҷониби нозирони Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ ба роҳ монда шуда, воридшавии саривақтии онҳо ба системаи иттилоотии донишгоҳ таъмин гардид.

Тибқи иттилои сардори Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ, Нодирахон Дадобоева рейтинги якум дар донишгоҳ тавассути системаи иттилоотӣ ҷамъбаст карда шуд, ки мувофиқи он ба ҳисоби миёна пешрафти донишҷӯён 95,0% - ро ташкил менамояд.

Номбурда афзуд, ки Марказ минбаъд низ фаъолиятро баҳри такмили механизми идоракунии раванди таълим дар асоси таъсиси манбаи маълумоти таълимӣ, илмӣ,методӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ равона намуда, ҷиҳати рушди сатҳи худомӯзӣ ва азхудкунии эҷодии дониш дар асоси фардикунонӣ ва интихобӣ будани траекторияи таълим дар доираинизоми қатъии раванди таълим ва баҳисобгирии ҳаҷми дониш дар шакли кредит кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Маврид ба тазаккур аст, ки масъулини Маркази бақайдгирӣ ва машварат босабабгардонии ғойибҳои донишҷӯёнро бо боназардошти хулосаи дармонгоҳҳои тиббӣ, беморхонаҳо, хусусиятҳои фардии солимӣ, вазъиятҳои фавқулодда дар оила ба танзим медароранд ва ба манбаи маълумот ворид менамоянд. Тамоми маълумот оид ба давомот дар интерфейси ҳар як донишҷӯ ва масъулини садорати факултетҳо тавассути системаи иттилоотӣ инъикос мегардад ва тариқи автоматӣ донишҷӯёне, ки зиёда аз 48 соат ғоиб доранд, ба имтиҳонот роҳ дода намешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ