Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм пешниҳод менамоянд!

Довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаи мазкур ба комиссияи қабули Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

-ариза ба номи ректор;

-дипломи намунаи давлатӣ (асл) бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;

- 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);

- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба таҳсилоти олии дуюм аз 1-уми июл то 20-уми августи соли равон сурат мегирад.

Суроғаи комиссияи қабул: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин 147 (назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд).

Телефон барои тамос:

+992 (83422) 4-31-20;

+992 91-700-40-00

+992 92-644-31-60

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ