​Сомонаи бесомон

Сомонаи “Akhbor.com” бо қарори саривақтии Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд. Ҳарчанд сардабири маъруфи «Ахбор» ин тасмимро «нақзи озодии матбуот» хонд, аммо хостори манъи он вобаста ба вазъи сиёсӣ, гузашта аз ин гирифтани роҳи паҳни аудиосабту наворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳо дар қаламрави мо сурат ёфтааст. Албатта ин ҳол бо назардошти «таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористию экстремистӣ» якамри табиист.

Фикр мекунам, қарордоди бастани ин амрҳо набояд боиси эътироз бошад, зеро мақсади аслии сиёсати Тоҷикистон фаъолмандии мардуми кишвар дар сиёсати имрўзаи давлат ва пешрафти ҷомеа бояд бошад. Аммо хабару наворҳое дар сомонаҳо нашр мешаванд, ки ба ҳимояти амнияти давлату давлатдорӣ равона нашудааст. Воқеан фазои амнияту устуворӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз беҳтарин неъмати истиқлолӣ ва арзишҳои ҷомеаи башарӣ мебошад.

Аз нерўҳое, ки дар саросари олам ба вайрон кардани фазои иттилоӣ мекўшанд ва сиёсати давлатро муғризона тафсир медиҳанд, бояд канора ҷуст. Раванди сулҳи тоҷикон бебозгашт аст, дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши рўшан дорад. Амри миллатсозиву давлатсозӣ дар кишвари мо камназир аст ва барои баҳрамандии ҷаҳониён таҷрибаи судмандест. Бархе аз сайтҳои хабарии ба ном дорои моҳияти рўзноманигорӣ дар хира кардани фазои солими кишвар дасти нерўманд доштанӣ мешаванд. Аммо бояд мантиқан фикр кард, чаро дар кишвар пеши онҳое гирифта нашавад, ки муваффақиятҳоро нодида доранд, пайваста талош мекунанд бо вайрон кардани фазои фикри ҷомеа ба ҳадафҳои муғризона расанд. Ин тоифа худ дар ғурбатанд, бо оворагардӣ мехоҳанд дар хароб кардани Тоҷикистон «саҳм» бигузоранд. Аз ин ҷиҳат самтгирии сармуҳаррири “Ахбор” Мирзои Салимпур дар бораи Ҳукумати кишвар, мансабдорони воломақом ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ латмае ба фазои солими кишвар аст. Маводи пур аз буҳтон ва ғаразҳои шахсӣ таҳлилкунандаву дарбаргирандаи моҳияти сиёсати имрўзи Тоҷикистон буда наметавонад. Ин танҳо аз тафаккури харобовар дарак медиҳад. Шикасти ин афрод дар зиндагиву фаъолмандии иҷтимоӣ боис гардида, ки танҳо ва танҳо даст ба дурўғу бўҳтон зананд. Психологияи шикаст худ ҳамин аст, ки агар дар роҳи баргузида ба ҷое нарасӣ, бояд ҳатман ба роҳи иғвогарӣ биравӣ. Кинатўзӣ, айбҷўӣ ва дигар нишонаҳои пастзании шаъни Тоҷикистон аз ҳамин ноўҳдабароиву дарҳамубарҳамии як нафар сарвари сайти ба номи журналистӣ дарак медиҳад.

Бо ҳазор туҳматномаву иғвонома сидқу садоқат ба ормонҳои миллӣ наметавон дошт. Ин гуна муносибату рафтор на дилу нияти тоза, балки чӣ гуна будани ҷавҳари зоти ин гуна ашхосро равшан мекунад.

Ҷамшеди Сосонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ