Изҳорот: Шакли идораи президентӣ ва муваффақиятҳои замони истиқлол
Рўзи Президент дар қаламрави мамлакат дар санае баргузор ва таҷлил мегардад, ки барои халқи тоҷик рўзи сарнавиштсоз ба шумор меравад. Воқеан ба шакли идораи президентӣ гузаштан ба кишваре, ки нав истиқлолият ба даст оварда, бо пеш омадани мушкилоти дохилӣ то андозае ҳастиихешро зери суол қарор дода буд, дуруст ва саривақтӣ ҳам буду ҳаст. Боиси ифтихор аст, ки халқи тоҷик бо такя ба хиради азалӣ тавонист, ки дар оғози бунёди давлати соҳибистиқлол сарнавишти ояндаи хешро нависад ва роҳи рушду тараққияти минбаъдаи хешро муайян намояд ва имрўз бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки шаклиидораи президентӣ бораи нигоҳ доштани якпорчагии давлат, бунёди ваҳдати миллӣ ва истиқрору оромӣ хеле кўмак ҳам кард. Тавре аз конститусия бар меояд ҳокимияте, ки президент таъсис медиҳад, ҳокмияти халқӣ ба шумор меравад, зери президент аз ҷониби халқинтихоб карда мешавад.
Чун Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат ба шумор меравад, ҳаминро таъкид намудан ба маврид аст, ки ин муқаррарот имрўз дар Тоҷикистон риоя мешавад ва ваколате, ки конститусия барои Президент муқаррар кардааст, бешубҳа айни ҳол ба таври комил вадар сатҳи баланд амалӣ ва ба роҳ монда мешавад.
Чун шакли идораи президентӣ дар асри 19 ба вуҷуд омадааст, Тоҷикистон дар ин роҳ дар солҳои навадуми асри гузашта тавонист, ки чунин равандҳои пешқадами бунёди давлатдориро бипазирад ва қадамҳои нахустини худро гузорад ва дар ин ҷода гуфта метавонем, ки муваффақ ҳам гардидааст.Конститусия барои фаъолияти Президент ва дар ин замина ба таври ҳуқуқӣ ба роҳ мондани сохторҳои Ҳукумат шароит фароҳам овардааст. Тоҷикистон дар давоми истиқлолияти давлатӣ хусусан, пас аз қабули Конститутсия ва гузаштан ба шакли идораи президентӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва имрӯз халқи тоҷик натиҷаҳои оно бо чашми сар эҳсос менамояд.
Кайхусрав Каримов – устоди МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”