​Онлайнконферения: Масъалаҳои мубрами филологияи ӯзбеку тоҷик

Имрӯз 27-уми ноябр, дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қисми ифтитоҳии конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии онлайнӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами филологияи ӯзбеку тоҷик” баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ ифтитоҳ бахшида, нақши равобити илмии донишгоҳро бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле назаррас таъкид намуд.

Сипас, дар бахши маърӯзаҳо профессори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ўзбеки ба номи Алишер НавоииҶумҳурии Ўзбекистон Собиров Абдулхай Шукирович таҳти унвони “Ӯзбек ва тожик тилларининг халқаро нуфузи ва тараққиётининг айрим масалалари бӯйичамулоҳазалар”, мудири кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷикЎрунова Мавҷуда Рустамовна таҳти унвони “Мухтасари равобити адабии халқҳои тоҷику ўзбек дар асрҳоиХУШ-Х1Х ва ибтидои асри ХХ”, дотсенти Донишгоҳи давлатии Намангони Ҷумҳурии Ўзбекистон Сулаймонов Мӯминҷон таҳти унвони “Камол Хуҷанди ва Ҳофиз Хоразмиӣ: адабиӣ таъсир”, дотсенти кафедраи адабиёти ўзбек ва методикаи таълими факултетифилологияиўзбек Ойматова Мунаввара Абдураҳимовна таҳти унвони “Рўдакининг “Қариликдан шикоят” қасидаситарҷимаси хусусида”, дотсенти кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷик Саидов Саидумрон Ғаниҷонович таҳти унвони “Алишер Навоӣ ва адабиёти тоҷик”, мудири кафедраи забони ўзбекӣ ва методикаи таълими факултети филологияи ўзбек Раҳмонқулов Абдуназар Уралович таҳти унвони “Ӯзбек ва тожик тиллари билингвиал таълими масалалари” суханронӣ намуданд.

Кор дар бахшҳо идома ёфта, дар он беш аз 120 маърӯза ироа карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия 140 мақолаи илмӣ ворид гардидааст, ки дар шакли маводи илмӣ ба нашр хоҳад расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ