​ДДХ: Тақсимоти ниҳоии мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯён

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳатигузаронидани тақсимоти ниҳоии мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад Хуршед Зуҳурзода - муовини раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садафмоҳ Сафарзода - сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осим Каримзода - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд мудирон ва масъулини кадри шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, аз ҷумла баён намуд, ки тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2021”, “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 27-уми майи соли 2017,№262) тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моариф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсилибуҷавӣ, “Комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагон” барои зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амалӣ карда мешавад.

Дар идома Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд доир ба муҳтавои тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ибрози назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ