​Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем!

Солҳои охир дар муносибати байни ду давлат-дар ҳудудҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили муҳими сиёсӣ-ҳудудӣ ба миён омада истодааст, ки боиси ташвиш ва пайдо гардидани таҳдид дар муносибатҳои геополитикии ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамсояро ифода мекунад. Ҳарчанд дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ масъалаи дӯстии байни ду халқҳо мавриди баҳси доманадор қарор гирифта бошад ҳам, он ҳамчун нуқтаи хатар боқӣ мемонад. Сарварони ҳар ду давлат дар вохӯрии дӯстона ва самимона масоили марзу буми ду кишвари ҳамсояро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода бошанд ҳам, имрӯз он ба худ симои навро касб намудааст.

Дар қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 7-ум таъкид гардидааст: “Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст”. Ин маънои онро дорад, ки ҳеҷ ягон қувва ва ё таъсири бегона наметавонад ягонагии марзу буми кишварро вайрон созад ва ё тағйир диҳад.

Қаламрави давлат ҳудуде мебошад, ки дар он давлат ҳамчун ташкилоти мустақили ҳокимияти сиёсӣ фаъолияти хешро ба роҳ мемонад. Он дар тамоми қаламрави худ дорои ҳокимияти соҳибихтиёр мебошад. Конститутсия халалдоршавии тамомияти арзии давлатро қатъиян манъ намудааст.
Тақсимнопазарӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлат яке аз унсурҳои асосии бехатарии давлат ба ҳисоб рафта, ҳифз ва таъмини онҳо яке аз вазифаҳои муҳими давлат ба шумор меравад. Тамомият ва дахлнопазирии ҳудуди давлат тавассути татбиқи сиёсати давлатии ягона дар ин самт, қабул ва амалӣ сохтани барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ, маҷмӯи чорабиниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, сиёсӣ, сохторӣ, рафъи таҳдидҳои воқеӣ ба манфиатҳои муҳими шахсият, ҷомеа ва давлат таъмин карда мешавад. Тақсимнопазирӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлат бо соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии он робитаи ҷудоинопазир дорад. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқии он бо ду роҳ сурат мегирад: чораандешиҳои дохилидавлатӣ ва аз тариқи пайвастани Тоҷикистон ба як силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ. Аз нигоҳи дохилидавлатӣ тақсимнопазирӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон, қабл аз ҳама, дар имконнопазирии ҳуқуқии гузашт кардани қисми ҳудуди давлат аз ҷониби Тоҷикистон, мақомот ва шахсони мансабдори он ба давлати дигар ифода меёбад. Гузашта аз ин, Конститутсия мақомоти давлатии дахлдор, қабл аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор сохтааст, ки кафолати тамомияти арзии давлатро таъмин намоянд. Конститутсия ва қонунҳои дахлдори давлат таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки мақсади ниҳоияшон аз халалдор намудани тамомияти арзии Тоҷикистон иборат аст, манъ мекунад. Таъмини тамомияти арзии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ дар пайваст будани он ба як силсила қарордодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи ИДМ ва шартномаҳои дутарафаи Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ифода меёбад.

Тибқи расонаҳо иттилоъ дар бораи додани Ворух ба Ҷумҳурии Қирғизистон паҳн шуда истодааст, ки дар ҳеҷ як чорчӯбаи ягон қонуну қоида мувофиқат намекунад.

Халқи тоҷик, алалхусус зиёиёни тоҷик ин амали гӯшношунидро маҳкум мекунанд ва намегузоранд, то ки он ба худ мазмуни сиёсӣ-ҳуқуқиро касб намояд. Ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва ватанпарвар, бонангу номуси миллати тоҷик ҳар як ваҷаб хоки сарзамини хешро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад ва намегузорад то ки он ба касе дода шавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ