Баррасии масоили мубрами технология ва методикаи таълим дар конференсияи илмӣ–анъанавӣ

Дар кафедраи технология ва методикаи таълими они факултети санъати тасвирӣ ва технология конференсияи илмӣ–анъанавӣ дар бахши устодон бо ироаи 13 маърӯза ҷараён гирифт.

Устодони кафедра зимни баромад ба масоили муносибати босалоҳият, ташаккули фарҳанги иқтиосдии хонандагон дар дарсҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, роҳҳои ташаккули дарси ҳунарҳои халқӣ, тарҳсозии либос, тафаккури техникии донишҷӯён ва таъсири он ба қобилияи эҷодии донишҷӯён ва ғайра дахл намуда, дар ин замина табодули афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик ба роҳ монда шуда, бо фарогирӣ ва баррасии масъалаҳои муҳимтарини илми муосир дар донишгоҳ 12-уми апрел шурӯъ гашта, он то 21-уми апрел ҷараён мегирад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ