ДДХ Ҷоми раиси шаҳри Хуҷандро соҳиб гашт

Дастаи футболи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро шикаст дода, Ҷоми раиси шаҳри Хуҷандро дарёфт намуд.

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол, ки барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷўёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ гузаронида шуд, дар даври ниҳоӣ дастаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо тими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вориди майдони рақобат шуда, 5 бар 2 зафар ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол бо мақсади тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои машғулият ба футбол ва талаботи байналмилалӣ, мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ба роҳ монда шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд мусобиқаи мазкур, ки барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, зиёда аз 130 нафар футболбозонро дар ҳайати дастаҳои донишгоҳу коллеҷҳо ба ҳам овард.

Маросими идонаи мусобиқа дар рўзҳои таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ