​Даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гашт

Даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт. Дар ин бора, аз шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ иттилоъ дода, баён доштанд, ки озмун бо ширкати беш аз 200 донишҷӯ дар 5 номина ҷараён гирифт.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ сухан карда, гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни мазкур аз рӯйи номинаҳои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ байни ҳам қувва озмуданд.

Дар натиҷа16 донишҷӯ аз рӯйи номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, 18 донишҷӯ аз рӯйи номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, 4 донишҷӯ аз рӯйи номинаи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, 13 донишҷӯ аз рӯйи номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва 4 донишҷӯ аз рӯйи номинаи шоирӣ, дар маҷмуъ 55 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ