Изҳорот: Филми “Хиёнат” исботи таърихи начандон дури ошўбзадагии қаламрави тоҷикон
Мо, халқи тоҷик нав нафаси тоза дар роҳи расидан ба шукуфоии миллӣ кашидем, қоматамон аз ҷанги бемаъниву адоватбиёр ва бародаркуш нав рост шуд, нав аз мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ раҳо мешавем, соҳаҳои ҳаёти халқ андак ба таҷаддуд ва ислоҳоти куллӣ расиданд. Акнун нав ба дарки солими консепсияи миллатсозӣ имкони мусоид фароҳам омад, расидан ба арзишҳои куллӣдар заминаи маънавияти асили аҷдодӣ, ислоҳоти куллии низоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатӣ поя ва ғояи аслии пешрафти кишвари моро бозгў мекунад. Набояд ин ҳамаро ба боди фано дод.
Бар ҳамагон чун рўзи равшан маълум аст, ки ҳукумат дар тайи чанд сол кўшиш ба харҷ дод, то барномаи растагории миллиро пеш гирад ва равиши тафаккури аҳли миллатро бар ин поя устувор гардонад, ки маънии ин амалкард ҳаргиз «амалан кишварро ба як давлати худкомаи асримиёнагӣ табдил» додан нест. Ин хулоса, ки дар ин давлат «инсонҳо тибқи хоста ва фармони як гурўҳи хурд ё як нафар зиндагӣ» менамоянд, ба фаҳмиши маҳдуд ва тангназаронаи нафарон ва ё гурўҳе хос аст, ки хоҳони расидан ба авҷи қудратмандӣ ва хоставу ниёзҳои аз ҳад бештари худкомагӣ ҳастанд, ки далели он пайравони ТЭТ ҲНИ мебошанд. Имрўз бо чунин тарзи фаҳмиш ба равиши зисту зиндагии осоишта дар кишвар ин афрод халал ворид намуда ситодаанд.
Ахиран филми “Хиёнат” бо матолибҳои дақиқ ва далелҳои фаровон ба назари мо, дурустиву нодурустӣ, сараву сақати баста шудани ТЭТ ҲНИ, мушкилоти азими сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар, таърихи начандон дури ошўбзадагии қаламрави тоҷикон, вазъи алҳол ҳам нобасомони фикру ақидаи бархе аз қишрҳои ҷомеа дар шароити имрўза, пайвастани афрод ба қувваҳои ҷангҷўйи хориҷӣ ва ғ. исбот гардид.
Шаҳрзод