​Ҳақиқати бебаҳс: Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст

...Ҳамзамон дар сарчашмаҳо ба таври барҷаста таъкид шудааст, ки дар аҳди Сомониён дар тобеияти ин давлати миллии тоҷикон будааст. Ҳатто Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар китоби “Бобурнома”-и хеш овардааст, ки “: «Ворух дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш дарахти бодоманд. Мардумаш сорт ва форсигӯяд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр». (саҳ. 21) Мисли ин садҳо матлаб аз сарчашмаҳои таърихӣ метавон зикр намуд, ки ба сарзамини тоҷикон будани Ворух ишорат намудаанд. Баҳси аввал ин ҷо бояд дар бораи калимаи «сарт» ба миён меояд, ки онҳо кистанд. Худи Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар ҳамин китоби «Бобурнома» дар нисбати мардумони Марғинон низ ин калимаро истифода намуда, онҳоро бо мардуми Андиҷон, ки аслан забонашон туркӣ аст, муқобил гузошта, таъкид медорад, ки дар зери мафҳуми «Сарт» халқиятҳое фаҳмида мешавад, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд. (Саҳю- 145-146) Асосгузори адабиёти ӯзбек Амир Алишери Навоӣ таъкид доштааст,ки мавҷудияти мардуме бо номи «сарт» ифодакуннадаи «форсизабон» ва «тоҷик» дар миёни ақвоми дар минтақаи Осиёи миёна истиқоматкунанда мебошад. Академик Василий Бартольд бар асоси осори таърихии куҳан баҳои дақиқи илмӣ ба ин масъала додааст:: «У писателей XV и начала XVI в., Неваи и Бабура слово сарт употребляется в смысле «перс, таджик» и противополагается слову тюрк, а не слову казак (которое в смысле «бродяга, разбойник» встречается уже у названных писателей). Нынешний киргизский, или, как он себя называет, казацкий народ (казахский народ) в то время ещё только образовывался и не имел почти никаких сношений с населением тех местностей, из которых вышли Бабур и Неваи. Из этого видно, что термин сарт придуман во всяком случае не киргизами. Сведения о различных употреблениях слова «сарт» и о различных объяснениях этого термина с достаточной полнотой собраны Н. П. Остроумовым. Сколько-нибудь научных объяснений, на наш взгляд, до сих пор нет. Важнее всего факт, что слово «сарт» не встречается в сочинениях домонгольского периода и что оно впервые употреблялось монголами. По словам Рашид ад-дина, монголы употребляли слово сартакты в смысле «таджик»; по его же словам, они впервые применили это слово к Арслан-хану карлукскому, первому из мусульманских владетелей, с которыми пришлось иметь дело Чингиз-хану. Из этого можно заключить, что монголы называли этим именем всех мусульман без различия, тем более, что карлуки несомненно были народом тюркским, а не арийским. Итак, объяснения слова сарт, вероятно, следует искать в монгольском языке. Не зная этого языка, мы не можем предложить своё собственное объяснение; но что в языке монголов был соответствующий корень, это видно уже из имени второго золотоордынского хана, Сартака. Уже во время походов Чингиз-хана тюрки старались сближаться с монголами, в противоположность городскому населению, которое в то время было арийским по языку и происхождению; очень вероятно, что вследствие этого сближения монголы стали называть сартами не всех мусульман, а только сохранивших свою обособленность арийцев, и что от монголов этот термин перешёл и к тюркам. «Работы по отдельным проблемам истории Средней Азии, том 2”.

Муаррих ва ҷаҳонгард Арминий Вамберӣ бошад дар муносибат ба ин калима дар асари худ «Сафарномаи Осиёи Миёна» («Путешествие в Среднюю Азию») роҷеъ ба сартҳои хоразмӣ чунин менависад: «Сарты, называемые в Бухаре и Коканде таджиками, — древнее персидское население Хорезма, число их здесь относительно невелико. Постепенно они смешали свой родной персидский язык с тюркским» (с. 257-258). Ҷолиб аст, ки ҳамин муаррих ва ҷаҳонгард ҳар ҷо ки дар китоби хеш вожаи “сарт”-ро истифода кардааст, ҳамоно дар қавсайн таъбири “баромади форсидошта”, яъне манзур тоҷиконро таъкид кардааст. Дар баробари ин, зимни ишорат ба қавмиятҳои сокини минтақа ҳамеша қирғизҳоро ҳамчун як халқияти ҷудогона дар баробари сартҳо муаррифӣ намудааст, ки ба ҳам ҳеҷ робитаи этникӣ надоранд.

Бар асоси таҳқиқоти анҷомёфта маълум мешавад, ки дар зери мафҳуми сарт ақвоме фаҳмида мешудааст, ки асли ориёӣ дошта, дар Осиёи Миёна зиндагонӣ ва бештар ба тиҷорат машғул будаанд. Ба таъбири дигар, мушаххасан дар сарчашмаҳои куҳан ин вожа асосан дар нисбати тоҷикон истифода шудааст.

Аз ин рӯ, ба ҳақиқати таърих бо даъвоҳои беасос наметавон хати бутлон кашид. Ба ин мавзӯъ, набояд аз дидгоҳҳои харитаҳои сохтаи замони Шуравӣ ё даъвоҳои беасоси гуруҳҳои манфиатхоҳ, балки тавассути матолиби сарчашмаҳои куҳани таърихӣ, забону гуфтори мардум ва номҳои ҷуғрофӣ назар афканда, баъдан сухан кард, зеро суханро дар ҳама маврид санҷида ва бар асос далелҳои муҳками таърихӣ бояд гуфт, вагарна аз сухани бидуни далел ҷуз шармсорӣ дигар чизе ҳосил намешавад.

Аммо таҳқиқоти мардумшиносӣ ва бостоншиносии анҷомёфта, хоса корҳои бо роҳбарии Б. Литвинский анҷомдодашуда хеле аз далелҳои таърихиро пешорӯи донишмандони ҷаҳон гузошт, ки сокинони асосии ин минтақа дар гузашта тоҷикон буданд ва ҳатто шогирди ин донишманди мумтоз Певзнер С.Б. ҳангоми омӯзиши катибаи ҷанубии Ворух мушаххасан таъкид намуд, ки он намунаи қадимтарини мероси хаттии тоҷикон ба шумор рафта, ба забони тоҷикӣ иншо гардидааст. Ӯ дар ин маврид дақиқан истилоҳи забони тоҷикиро истифода бурдааст, на форсиро. «Видимо большая часть надписи написана на таджикском языке, кроме нескольких строк, где можно предположить арабский язык.

Если это предположение о языке верно, то южная Ворухская надпись явится самим древним памятником на таджикском языке» ( Е. А Давидович ва В. Литвинский. Очерки археологии райони Исфара саҳ. 224).

Мавҷудияти ҳазорон аз чунин аснод, ки ба ҳаққи таърихи мардуми тоҷик ишорат мекунанд, барои мо ҳам имконоте фароҳам меоваранд, ба кашфи ҳақиқати таърих роҳ кушоем. Бо ишорат ба ин чанд санади таърихӣ, ки дар арзишмандтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ ҷой гирифтаанд, албатта мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ надорем, баръакс бо зикри ин матолиб мехоҳем танҳо ин нуктаро изҳор дошта бошем, ки ин ҳақиқатҳои таърихӣ, ки ҳаргиз аз сафҳаҳои хотираи башарият зудуда намешаванд ва ба унвони далоили таърихӣ ҳамеша бо мо ва аз мо ҳастанд. Бо ин ҳама, мардуми тоҷик мисли ҳамин фарзандони фарзонааш, ки ҳатто аз марзҳои ба истилоҳ мутааллиқ ба ҷуғрофиёи кунунии Қирғизистон ҳамчун намояндаи миллати тоҷик берун омадаанд, танҳо тавассути фарҳангу адабиёту маърифат ба сӯи ҷаҳон, тамоми мардуми олам роҳ кушодаанд, на даъвоҳои беасосе, ки шояд бештар аз сад сол таърих надоранд. Ин ҷо зимни баррасии масъала мо асосан ба далоиле такя намудем, ки донишмандон ҷаҳонгардони хориҷӣ аз ҷумла ховаршиносони рус бо такя бар маохизи таърихӣ баён доштаанд ва бегумон дар осори таърихӣ мисли ин матолиби фаровони дигаре ҷой дорад, ки ҳамагӣ ба як пораи муқаддаси хоки Тоҷикистон будани Ворух мекунад. Пас, ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки Ворух хоки поки Тоҷикистон буду ҳаст ва мемонад:

Дилномаи шавқу шӯр дорад, Ворух,

Бас кӯҳи пур аз ғурур дорад, Ворух.

Хешиву табориву садоқат бо нур,

Аз дурии дури дур дорад, Ворух.

Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ