​Таваҷҷуҳ: Маҳфил–озмуни “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” гузаронида мешавад

Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил–озмун таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”-ро доир менамояд.

Шартҳо ва талаботи асосии маҳфил–озмун:

- дар озмун донишҷӯён нахуст доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандӯстии китоби “Тоҷикон” баромад мекунад.

-Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи нақли осор муайян карда мешавад.

-Аз ҷониби ҳакамон ба иштирокчӣ аз китоби “Тоҷикон” саволҳои пешниҳод карда мешавад.

Ғолибони даври донишгоҳии маҳфил–озмуни мавриди назар ба даврҳои минбаъдаи маҳфил–озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” рохат мегиранд.

Телефон барои маълумот: +992 92 626-22-20

Суроға: ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, утоқи 113

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ