​ДДХ: Таҷлил аз солгарди Рӯзи Ғалаба

Субҳи имрӯз, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо доираи васеи устодон бар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошт.

Баъд аз он ректори донишгоҳ аз корномаи иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарф зада, баён намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Рўзи Ғалабаро дар радифи санаҳои фаромўшношуданӣ гузошта, онро барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои аҳли кишвар азизу гиромӣ арзёбӣ кардаанд: "Ин санаи пурарзиши таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрўза низ гиромиву муқаддас ҳисобида мешавад, чунки он рамзи ватандўстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва аз асорату бадбахтӣ эмин нигоҳ доштани халқу миллатҳои собиқ шўравӣ мебошад”.

Таъкид ин нукта рафт, ки ҳанӯз аз оғози ҷанг тоҷикистониён дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз Тоҷикистон беш аз 290 ҳазор нафар дар ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Ҷамшед Ҷӯразода ҳамчунин гуфт, ки қарзи фарзандии ҳар кадоми мост, ки дар назди қаҳрамонони миллати худ сари таъзим фуруд орем, онҳоро азизу арҷманд дорем ва корнамоиҳои онҳоро дар тарбияи ҳаррўзаи ҷавонон ва дар ин замина ба манфиати Ватани маҳбубамон намуна қарор диҳем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ