Изҳорот: Иззат Амон фиребгари рақами 1 дар Русия
Дар 15-солаи охир Иззат Амон худро дар Русия сафири муҳоҷирон эълон ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқу тарғиб менамуд. Аҷиб аст, инсоне, ки то ҳол ғайр аз худ ва чанде аз пайвандонаш каси дигаре дар бораи фаъолият ва хизматаш ҳарфе ба забон намеорад, аз худ чунин шукӯҳу шаҳомат намоиш медиҳад. Маълум аст, ки бо қанд гуфтан даҳон ширин намешавад. Бо дурӯғ аз хизматҳои худ ном бурдан гумон аст, ки дар ҷомеа шахси шинохта шавӣ. Тавре маълум аст, айни замон дар Федератсияи Россия бештар аз Тоҷикистон нафарони зиёд дар муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд ва метавон гуфт, ки 99 фоизи онон шахсеро бо номи Иззат Амон намешиносанд
То имрӯз маълум нест, ки Иззат Амон чӣ гуна барномаҳоеро барои хуб шудани вазъияти муҳоҷирон рӯйи даст дорад, зеро ғайр аз худаш нафари дигаре дар бораи онҳо маълумот надорад.
Мақомоти Русия барои сохтакорӣ Иззат Амонро дастгир ва ӯро аз ҳаққи шаҳрванди маҳрум намуд.Солҳои пеш ин нафар дар шаҳри Москва барои ташкили як иттиҳодия ташаббус намуда буд ва хушбахтона барномаҳои тарҳрезинамудаи ӯ амалӣ нашуд. Аз суханрониҳояш маълум мешавад, ки ақидаҳои муҳоҷиронро бар зидди пешрафт ва рушди Тоҷикистони навинравона месозад. Чанд тан аз муҳоҷироне, ки ба ӯ пайравӣ мекунанд аз насл ва авлоди худаш буда, дар онҷо бештар ба пайвандони худаш кӯмак мерасонад.
Мо ҷавонони имрӯза аз фиребигариҳои Иззат Амон дар байни муҳоҷирон хуб огоҳ ҳастем. Оид ба найрангҳои ӯ чандин нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии худ навишта буданд. Ҳоло мақомотҳои дахлдор бештар фиребҳои Иззат Амонро ошкор мекунанд.
ШАҲРЗОДИ БАҲОР