​Ҳамоиши донишҷӯён таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат”

Дар маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонов доир ба ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон, нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушду нумӯи мамлакат, дастовардҳои ҷавонону варзишгарон ва дастгирии онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ сухан намуд.

Номбурда зикр дошт, ки туфайли таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баҳри ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, барои ҷавонон имкониятҳои густурда дар амалӣ намудани ғояҳои наҷиб ва ташаббусҳои ҷолиб фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар заминаи сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат, таъсис ва фаъолияти маҳфилҳои умумидонишгоҳии «Пайравони Пешвои миллат», «Андеша», «Адибони ҷавон», «Нерӯи сухан», «Фарҳанги оиладорӣ», «Бонувони варзишгар» ва даҳҳо маҳфилҳои илмиву сиёсӣ, маърифативу ахлоқӣ дар донишгоҳ имкон дод, ки ҷавонон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” муттаҳид гарданд, аз корнома ва қаҳрамониҳои Сарвари давлат, ҳамчун намунаи олии ҷавонмардӣ, мактаби созандагиву ватандориро омӯзанд ва меҳани худро дӯст дошта, онро ҳифз намоянд.

Дар баробари ин, ҷавонон имкон пайдо намуданд, ки бо фаъолияти волонтёрӣ машғул шаванд ва қобилияту истеъдоди худро сайқал бахшида, ҳамчун шахсияти комил тарбия ёбанд.

Ҷавонон - волонтёрони донишгоҳ борҳо собит намуданд, ки воқеан ҳам дӯстдори ин Ватану миллат мебошанд ва сарсупурдагиро пешаи худ сохтаанд. Онҳо мунтазам бо баргузории чорабиниҳои мухталиф дар байни ҷавонон ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои тарғиботиро ба роҳ монда, ҳамеша дар паҳлӯи мо мебошанд ва барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ саъю талош меварзанд».

Сипас, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон,иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу маънавӣ як қатор волонтёрони фаъол – аъзои маҳфилҳои умумидонишгоҳии «Пайравони Пешвои миллат» ва «Андеша», варзишгарон - барои ғолибият дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ, дастаҳои факултетҳои донишгоҳ барои ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии умумидонишгоҳӣ бо сипосномаҳо, дипломҳо ва ҷомҳои ректори донишгоҳ қадр шуданд.

Баъдан, барномаи фарҳангии ансамбли «Навои ҷавонӣ» пешкаши ҳозирин гардонида шуда,суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои якка ва гуруҳӣ, маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ