“Навои ҷавонӣ-2021”: беҳтаринҳо муайян шуданд

Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2021” миёнаи дастаҳои факултети забонҳои шарқ, иқтисодӣ, математика ва психология ва таҳсилоти томактабӣ ба кори худ идома намуд. Фестивали мазкур аз рӯйи номинаҳои “Баромади ровиҳо”, “Навозиши умумӣ ё якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” доир гардида, иштирокчиён маҳорати худро намоиш доданд.

Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр иштиокчиёни фестивалро бо номина ва шартҳои иштирок шинос намуда, ҳадафи ташаббуси мазкурро шарҳ дод. Номбурда таъкид дошт, ки фестивали мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил гардида, мақсад аз он дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.

Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон дастаи факултети забонҳои шарқ бо гирифтани 32,5 хол дар даври мазкур сазовори мақоми аввал гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ