Таваҷҷуҳ: Рақобати ДДХ бо Истаравшан барои дарёфти Ҷоми Вазири маориф ва илми кишвар

Рӯзи чоршанбе 20-уми январи соли ҷорӣ, дастаи футболи хурди аз 35 сола болои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан вориди майдони рақобат мешавад.

То кунун дар даври вилоятии мусобиқаи футболи хурд ҷиҳати дарёфти Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ду даста - то 35 сола ва аз 35 сола боло ширкат ва рақобат намуданд. Дар натиҷа байни муассисаҳои олии касбии кишвар дастаи то 35 солаи донишгоҳ мақоми дуюм ва аз 35 сола боло мақоми аввалро касб намуданд.

Хотирнишон менамоем, ки дар вилояти Суғд футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони муассисаҳои олии касбии кишвар аз 10-уми январ шурӯъ гардида, маросими ҷамъбастии он рӯзи 20-уми январ дар назар дошта шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ