​Дар ДДХ фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2021” баргузор мешавад

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2021” гузаронида мешавад.

Дар ин бора мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов иттилоъ дода, зикр кард, ки иқдоми мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2021” аз 11-ум то 17-уми май аз рӯйи номинаҳои “Баромади ровиҳо”, “Навозиши умумӣ ё якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” гузаронида мешавад.

Фестивал-озмун дар як давр байни факултетҳои донишгоҳ баргузор гашта, ғолибон бо ҷом ва диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ