​Руҷӯе ба ҳаёти ибратпазир ва оганда ба маърифати Абдуҳаким Шарипов дар маҳфили “Саодатманд”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили “Саодатманд” бахшида ба 70-солгаии Аълочии илм ва маорифи Ҷуҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдуҳаким Шарипов баргузор гашт.Дар ибтидо Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд номаи табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба соҳибҷашн ва аҳли нишаст расонид.

Пас аз он ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода Ҳабибулло сухан карда гуфт, ки садоқат ба касби омӯзгорӣ яке аз фазилатҳои арзандатарини устод Абдуҳаким Шарипов аст, ки дар ин мактаби инсонпарварӣ чандин шогирдони босаодат тарбия ёфта, ба воя расидаанд. Устод пайваста ба тарбия ва маърифатнокии шогирдон машғул шуда, онҳоро барои таҳқиқи ҷанбаҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ ҳидоят кардаанд. Шогирдони эшон дар муассисаву мактабу донишгоҳҳо, идораҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷумҳурӣ бо муваффақият фаъолият бурда, касбу кори устоди худро идома бахшида истодаанд.

Зикр гашт, ки устод Абдуҳаким Шарипов як дунёи пур аз меҳру самимият доранд, ки онро танҳо шогирдони солҳо зери таълиму тарбияташ қарорёфта, тасаввур карда метавонанд. Як баҳри пур аз илму маърифатанд, ки бо лаҳни суханофаринии хеш гуҳар месозанд. Гоҳо чун шамъ месӯзанд, то роҳнамои шогирдон бошанд. Гоҳе дигар маҳфилҳои худшукуфоӣ меороянд, то шогирдон дарси худшиносӣ биомӯзанд. Устод суҳбатҳои дилнишину дарсҳои бедорӣ доранд.”

Гуфта шуд, ки шахси мавриди назар тӯли фаъолияти пурсамари хеш ҷиҳати ташаккули муҳити илмиву маънавӣ ва маърифатии донишгоҳ, тарбияи насли наврас, ба камол расонидани шогирдони зиёд ба дастовардҳои наҷиб ноил гардида, дар ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҳамчун устоди соҳибназару сермаҳсулеро соҳиби обрӯву эҳтиром мебошанд.

Дар идома дӯстону пайвандон ва ҳамкорону шогирдон доир ба саҳифаҳои ибратпазир ва рангоранги ҳаёти Абдуҳаким Шарипов ибрози назар намуда, аз ҷумла, баён доштанд, ки таҷрибаи бойи омўзгорӣ, фаъолият дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ мавсуфро ба шоҳроҳи сиёсат раҳнамоӣ намуданд. Ҳамчунин баён гардид, ки тавассути меҳнат ва хидматҳои арзанда Абдуҳаким Шарипов сазовори ифтихорномаву мукофотҳои давлатӣ шудаанд, аз ҷумла, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии штати Небраскаи ИМА, Медали Хазинаи байналхалқии Сулҳ, Мушовири давлатии дараҷаи 3, Нишони сарисинагии ҷамъияти «Дониш» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони сарисинагии XXV - солагии ҲХДТ, ки ин аз нишони эътирофи хидматҳо дар мақомоти баландпояи давлатӣ ва нуфузу эътибори ҷамъиятии устод дарак медиҳад.

Ҳамчунин, ровиёни маҳфил - Саидумрон Саидов, номизади илмҳои филологӣ ва Фирӯза Қаюмова, дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ҷиҳати зоҳир намудани ботини фитрӣ ва маърифатии мавсуф бо аҳли нишаст ва соҳибҷашн саволу ҷавоб оростанд.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ