​Аз нохалафони миллат дар канор бошем!

Халқи бузургу баорияти тоҷик бо раҳнамоии Сарвари давлат барои рушди нумӯи давлати хеш, барои ояндаи босаодат, ҳифзи якпорачагии кишвар ва истиқололияти давлатӣ тамоми қувваю ҳастии худро равона месозад. Ҳеҷ як қуввае мавҷуд нест, ки ин рӯҳияи дорои иродаи қавиро рахна намуда, барои шукуфои кишварамон ва пешрафти халқи тоҷик монеа ба пеш орад.Аммо баъзе аз нохалофоне миллат, ки оқи ватан гардидаанду худро чун сарсупорандагони роҳи ҳақиқат меҳисобанд, чунин гулгулшукуфӣ, муваффақиятҳо ва комёбиҳои халқи тоҷикро чашми дидан надошта, ба ҳар василаҳои ғаразнок мехоҳанд, неши заҳрноки худро рӯи кор биёранд.

Сарвари давлат дар баромадашон қайд намуданд, ки террорист ва дину мазҳаб надорад, барои ҳамин ба гуфтаҳои онҳо фирефта нашавед, ки наслҳои ояндаи мо ҳеҷ гоҳ моро намебахшанд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистон ҲНИ–ро маҳкум карданд, барои он ки солҳои охир роҳбарони ин ҳизб мехостанд, халқро муқобили давлат бархезонанд ва чунин давлати ободу тинҷро ноором созанд, вале мардуми бошарафи Тоҷикистон, ки лаззати гушнагӣ, бародаркушӣ, сарсону саргардониҳоро дар ҷумҳурии Афғонистони ҳамсоя чашида буд ва дигар вокеаҳои солҳои 1992-1996-ро пеши назар оварда, ба воситаи матбуот ва воситаҳои ахбор баромад намуда, кирдорҳои ғаразноку нопоки ин гуна миллатбезоронро маҳкум намуданд, нолозим будани ин ҳизбро баён намуданд, барои он ки дар Тоҷикистон ҳамаи халқ, мусалмон мебошанд, озодона ба масҷидҳо рафта 5-вақт намози хешро мехонанд

Нисбат ба падидаҳои номатлуби ҷомеа бетараф набошем .Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии устодону донишҷӯёнро ҳандозӣ мешавад. Бо вуҷуди мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ имрӯз байни ҷомеаи мо афроде низ ёфт мешаванд, ки маърифати таърихиро аз ёд бурдаанд ва ба фарҳанги бегона пайравӣ намуда, аз миллату таърихи хеш бехабарӣ зоҳир менамоянд. Даст задан ба амалҳои номатлуб ба хусус, рӯй овардан ба фарҳанги бегона ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷониби афроди нобакор, пеш аз ҳама, аз нодида гирифтани ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату ҳукумат сарчашма гирифта, оқибатҳои хатарноку ногувор дорад. Донишҷӯёну устодон дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳамроҳи мақомотҳои қудратӣ муборизаи муштаракро ба роҳ монда, рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Дар давоми андешаҳои болоӣ ҳаминро бояд гӯям,ки яке аз пояҳои асосии зиндагиномаи бо шарафи инсонӣ, осудагӣ ва амнияти шаҳрвандӣ мебошад. Мо ҳамагон бояд баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, исломгароию терроризм, радикализм вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза барем ва сатҳи маънавию сиёсии худро қавӣ гардонем. Бинобар ин аз ҳар як шаҳрвандони азизи кишвар хоҳиш карда мешавад, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсии худро аз даст надиҳан пайваста ҷонибдори сулҳу суботи кишвар бошанд ва гирифтори суханони бардурӯғи шахсони баъдсифати ҷомеа набошанд. Дар ҳама ҳолат дастгиру дастёри якдигар бошанд сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгир намуда барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Фирдавс Акмалов - омӯзгори донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ