Пайрави некон нагардад ҳар, ки бунёдаш бад аст
Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст.
Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд
Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
Тоҷикону тоҷикистониён имруз шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар мекунанд ва давлату Ҳукуматқудрат дорад, ба ҳар гуна хатарҳое, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид менамоянд, ҷавоби сазовор диҳад. Ҳар як нафар зуб медонанд ва дарк менамоянд, ки ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ, ва ҳаммаслакони ӯ барин хоинон, ки Ватан фурӯхтанду, мефурӯшанд номашонро таърих бо ҳарфҳои сиёҳ навиштааст. Мутассифона имрузҳо дар ҷомеа афродҳое ҳастанд, ки бо терроризму ифротгарои алоқамандӣ дорад, пешравиҳои тамоми соҳаҳои мамлакатро нодида гирифта, ба зидди кишвари худ буҳтон мезанад. Дар урфият мегуянд, ки “Давидани гӯсола то каҳдон” бинобар ин хоинони миллат дониста бошанд, ки ҳар амал, ҳар рафтор ва кирдори инсонҳои разил, кимисли намояндагони ҲНИ ТТЭ Ҳизби Назҳати Исломимрӯз барои миллату давлати мо бухтон мезананд халқи Тоҷикистон ин хоиниро ҳаргиз нахоҳад бахшид. Зеро Сарвари давлат қайд менамоянд: “Терроризим дин, мазҳаб, миллат” надорад, ки амалҳои анҷомдодаи гуруҳҳои террористи ва ифротгароӣ ҷомеаро ба нести ва парокандагӣ оварда мерасонад, зеро дар замони муосир авҷ гирифтани фаъолияти террористӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имруз низ душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар карор дошта, дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор кардани хастанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеъа ва ваҳдати милли доим саъю талош карда, ободии Ватан пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад.
Ҷураев Манучеҳр - муаллими кафедраи умумидоншгоҳии сиёсатшиносӣ