Мо барои ҳимояи ватани азизи худ як дилу як ҷон ҳастем!!!
Ҳодисаҳое, ки таи чанд рузи охир дар сарҳади кишвари маҳбубамон Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқуъ омад ҳар як сокини кишвар аз ҷумла мо омузгоронро низ бетараф намегузорад. Дарк кардан мумкин аст, ки бо шунидани садои тиру туфанг ё он бетартибиҳое, ки дар сарҳадшуда истодаанд дили сокинони кишвар аз ҷумла онҳое, ки фарзандонашон дар сафи қушунҳои мусаллаҳ адои қарзи модар - ватан мекунандгирён аст.
Мо омузгорони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” шукри онро мекунем, ки дар кишвари ором кору фаъолият мебарем. Ин ҳама оромиву сулҳу субот маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мо намехоҳем, ки иғвогарон вазъи ороми кишвари моро халалдор созанд. Ҳар яки мо имруз дар атрофи Сарвари хирадманди кишвари худ муттаҳид гардида, намегузорем, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанг оғушта гардад. Намегузорем, ки ба сари мардуми шарафманди кишвари биҳиштосои мо иғвогарону ҷангҷуён ғаму андуҳ биёранд.
Ҳодисаҳое, ки дар сарҳад бо Қирғизистон ба вуқуъ омаданд бори дигар моро водор месозад, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва ҳамешагӣ барои ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки Ватани худ омода бошем.
Мо барои ҳимояи ватани азизи худ як дилу як ҷон ҳастем!!!
Акбар Азизӣ