Амалҳои бадхоҳони аъзоёни ТЭТ ҲНИ
Паёми Президент ба Парлумон – муроҷиати оммавии анъанавии ҳамасолаи Сарвари давлат ба ҳарду палатаи Парлумон аст, ки вазъи корҳоро дар мамлакат арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад.
Дар Паём имсола ба масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуд. Зикр гардид, ки соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Таъкид карда шуд, ки минбаъд бояд барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардошта шаванд. Хурсандиовар аст, ки бароидастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳостипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамаи дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт дар давоми ин солҳо ба даст овард маҳз самараи истиқлолият мебошанд ва халқи тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт.
Аммо то ҳанӯз, ҲНИ ва аъзоёни ў баҳсу мунозираҳо, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ҲНИ рӯз аз рӯз аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун рафта, ба ақидаҳои ифротӣ наздик мешавад. Ҷавонони равшанфикр ба дурустӣ дарёфтаанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба ғайр аз таблиғи ғояҳои нафратангез ҳадафи дигаре надорад. Имрӯз дар тамоми шабакаҳои Интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гулу гумроҳ месозанд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату маводҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва пинҳонкориҳои аъзоёни таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст.
Шаҳрвандони мо, халқи фарҳангпарвари кишварамон ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунад, зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мақсади асосии мо ваҳдат, ягонагӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа аст.
Раҳмоналӣ Ҳазратқулов