Шармандагии Кабирӣ назди кӯдаки беғаш ё баҳси маънавӣ!
Одатан, шахси калонсол бо таҷрибаи ҳаёту мактабҳои донишомӯхтаашон аз кӯдаку наврас болотар меистаду дар ҷомеа аслан намунаи ибрат ба ҷавонон мешавад. Зеро, ӯ бисёртар хондаасту бештар дидааст ва “як – ду курта зиёдтар даронидааст”. Аз ин лиҳоз, кӯдакону наврасон ба калонсолон бо эҳтироми хоса муносибат менамоянду ба саволҳои пайдошудаашон аз онҳо посухи воқеӣ интизоранд. Афсӯс, ки на ҳамаи калонсолон аз кӯдакон бартар бо ақлу тамизанд, ки ҳодисаи баёнгардидаи зерин ҳаётӣ асту ҳоҷат ба исбот наметалабад
Боре,кӯдаки мактабхон дар телевизор симоҳои гуногунро мебинад, ки дар поёни як сурат номи “Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби мамнӯъи наҳзат” навишта шудааст. Шавқу завқи ҷавонӣ бедор мешаваду бо гумони он, ки роҳбари ҳизб бояд инсони солимфикру нафъовари ҷомеа бошад, дар шабакаи иҷтимоӣ тавсифи ин симои маккорро мекобад. Макони заруриро дарёфтаву бо аъмоли ҳаётии ӯ ошно гашта мутаасир мегардад. Он кӯдаки беғаш ҳатто умеде надошт, ки як нафар метавонад соҳиби ин қадар фисқу фасод бошад ва чӣ тавр то ҳанӯз ӯ зинда асту чӣ гуна ҳаёт ба сар мебарад?
Дар ботини поку беолоиши кӯдак орзуе пайдо гашт, ки тавонад бо Кабирӣ сӯҳбате ё худ баҳсе доир намояду аз маънавиёти ботини сиёҳрангаш бохабар гардад. Тифоқо, дар саҳифааш бобати орзуи худ кӯдаке навиштае боқӣ гузошту баъди чанд муддате ҷавоб омад, ки метавонад бо Кабирӣ тариқи шабакаи Интернет баҳс намояд, танҳо бо шарти он, ки саволҳо пешакӣ маълум набошад. Зеро, Кабирӣ хавф дошт, ки паси ин кӯдак корманди мақомоти давлатӣ қарор дораду ин саҳнаест навишта. Худ, ки ҳиллагару найрангбоз, дасисабозу тӯҳматбоф аст, дигаронро бо ченаки худ қиёс мегирад.
Кӯдаки бехабар аз хаёлу бозиҳои пасипардагии Кабирии аблаҳ бесаброна он лаҳзаи баҳсро интизорӣ мекашид ва саволҳои гуногуни чени ақли худ ҷавобҳо омода мекард. Инак, он рӯз фаро расиду соати муқарраргашта кӯдак ба сари компютер нишаст ва бо Кабирӣ саломуалейк кард. Кабирӣ иброз дошт, ки бо сабаби хурдсолӣ ба кӯдак “фора” медиҳаду саволи аввали баҳсро ӯ диҳад. Кӯдаки маъсум аз ин амал болида гашту ҳатто дарки симои кибронаи Кабириро вонамуд накард. Танҳо, пурсид, ки “Ба як нафар наход ҳамаи ин манфуриву хиёнат, ватанфурӯшиву фосиқӣ ва мазҳабфурӯшӣ ғунҷад?”. Кабирӣ натавонист чӣ посухе ҷавоб диҳад, гарчанд риёкору фиребгар аст. Зеро, симои кӯдаки маъсум интизори ҷавоби ҳалол буд. Кабирӣ бидуни одобу андеша “Ҳай, ту бачаи кадом коммунистӣ?” гуфту аз шабака берун рафт.
Ин буд натиҷаи баҳси маънавиву шармандагии Кабирӣ, ки натавонист бо кӯдаке баҳси солимона карда бошад!?
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”