​Изҳорот: Дурӯғ одамиро кунад шармсор

Дарфарҳанги мардуми тоҷик нахустин афкори ахлоқӣ дар бораи одоби муошират ба мушоҳида мерасад. Шиори асосии фарҳанги қадимаи ниёгони мо, ки дар китоби муқаддаси “Авасто” омадааст. “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” буда, инсонро ба он раҳнамо месозад, ки ӯ на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки сухани хуб гӯяд ва, муҳимтар аз ҳама, дар ҳама ҳолатҳо бояд рафтори шоиста намояд.

Иззат Амони беномусу беинсоф, ки зери ниқоби одамигарӣ ин қадар корҳои фаҷҳу ғоратгариро ба анҷом расонидааст сазовори таҳқиру ҷазоҳост.

Дар ёд дорам, ки соли 2020 Иззат Амон бо Ҷонӣ Сафарзода ду фаъоли муҳоҷирон дар Русия, панҷ моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буданд, ки нияти иштирок дар интихоботи порлумониро доранд. Иззат Амон гуфта буд, барои иштирок дар интихобот нияти таъсиси ҳизби наверо бо номи “Тағқирот, ислоҳот ва рушд” дорад.

Ба баргузории интихоботи порлумонӣ беш аз як моҳи дигар монда буд, ки ин ду фаъоли муҳоҷирон иброз доштанд, ки“бо далелҳое, ки аз онҳо вобаста нест”, аз тасмими худ даст кашиданд. Иззат Амон аз худ суханҳои бофтаву бардурӯғро бароварда эълон карда, ки гӯё ба оилаи вай фишор оварданд. “Тақрибан даҳ навори видеоӣ аз номи гӯиё сокинон нашр шуд, ки агар аз фикрам пас нагардам, маро мекушанд ё зиндонӣ мекунанд. Фишорҳои дигар ҳам буд. Мо дидем, ки иқдоми қонунии моро дуруст дарк намекунанд ва аз ин ният даст кашидем”, гуфт ӯ, ки ин сад дар сад дурӯғ аст. Бинобар гуфти Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҳар нафаре, ки панҷ сол дар муҳоҷират аст, вале сари чанд вақт ба кишвар омада, дар қайди маҳалли зисташ аст, ҳуқуқи пешбарии номзадиашро дорад. “Агар шаҳрвандии кишвари дигарро гирифта бошад ё душаҳрвандӣ дошта бошад, аз ин ҳақ маҳрум аст. Бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошад. То имрӯз ягон муҳоҷир ҳамчун номзад сабтином нашудааст,” -- гуфт ӯ. Вале ин нокаси бадгумони миллати тоҷик аз паша фил сохта ҳукумати моро сиёҳ карда суханони бардурӯғро сохтакарда фош кардааст. Вай медонад, ки рӯяш сиёҳ асту иштирок карда наметавонад. Вале дидаву дониста гапҳои дурӯғу бофтаро паҳн кард. Вай мехост, ки мисли Ҳизби наҳзати ислом як ҳизбе таъсис диҳад ва мардумро ба он доми фиреби худ афтонад. Хушбахтона ин ба вай сазовор нашуд.

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,
Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Оре, дурӯғ гуфтан, сухани хато задан инсонро ҳамеша шармсор месозад. Оиди ин масъала бузургон, аҳли дин, волидайну бобоёни мо суханҳои ҳикматноки зиёде гуфтаанд. ”Дурӯғгӯ ҳар ҷо залил асту безабонӣ беҳ аз дурӯғгӯӣ”. Мо тарафдори онем, ки Иззат Амонро маҳкум кунанд ва ба ҳамаи сохтакориву туҳматҳои беасосаш нисбати Ватани мо ҷазои сазоворро гирад.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ