​Наҳзатиён иззати синнусол нафаҳманд

Хабари ба мӯҳлати 5-сол ба ҳабс гирифта шудани мӯйсафеди 87-сола бобои Дона дар расонаҳои даврӣ мавриди мубоҳисаи сершумор қарор гирифтаасту нафари соҳибдилро бефарқ гузошта наметавонад. Дар ин мавзӯъи доғирузӣ бозингарону ҳангомаҷӯён бисёранд, ки бо бехабарӣ аз асли воқеа ва фитрати ношоиста ифшои ҳаводис мекунанд.

Агар, Инсон ватанпарвару дурандеш ва боақлу идрок бошад, хеле тез дарк мекунад, ки дар амалҳои бобои Дона аломати ҷиноятии тамоили экстремистӣ иборат аз маблағгузорӣ аз хориҷаву парвариши ғояҳои ифротгароӣ тавассути дастгирии моддии оилаҳои аъзои ҳизби мамнӯъ ва ғайра дида мешаванд. Аслан, ҷиноят ва ҷинояткорӣ ба синну соли фард алоқамандӣ надорад. Танҳо, дар асоси камтаҷрибагӣ дар ҳаёту ноустувории мафкураи ҷавонӣ, қисман гумроҳшавии нафарони ҷавонро ба ҳаракатҳои ифротӣ фаҳмидан мумкин аст. Лекин, чӣ тавр амалҳои ношоистаи нафари ҳаётдидаву пуртаҷрибаро, ки дидаю дониста амалҳояшро солҳои тӯлонӣ идома додааст, метавон баҳо дод?

Фарди соҳибидрок бояд донад, ки қазияи зикрёфта гувоҳии фаъолияти ифротии ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзатиислом асту ҳилаи навбатии Кабирии маккор ботарҳрезии хоҷагони маблағгузораш мебошад. То он даврае, ки нисбати бобои Дона парвандаи ҷиноӣ оғоз шудукирдорҳояш ошкор гардид, Кабирии палиди ҳиллагар ӯро мешинохт? Барои чӣ аз номи ӯ ифтихор намекарду ӯро қаҳрамон намехонд? Бехабар буд ё пинҳон мекард, ки мақомотҳои қудратӣ хабардор нашаванд? Акнун, шӯру ғавғо меандозаду пуштибону ҳимоятгари бобои Дона шудааст?! Агар, Кабирии чармрӯю думравонашро маҳфумҳои дилу виҷдон, инсофу адолат, раҳму шафқат ва ғайра ошно мебуданд, ҳаргиз нафари солхӯдаро нороҳату супоришу дастурҳои ифротӣ намедоданд. Ё худ, бобои Донаро ба бозиҳои сиёсии бебақои худ ҳамроҳ намекарданд.

ҚазияиномбурдаибобоиДона шаҳодати онаст,ки наҳзатиёни ифротӣ то ба ҳол аз амалҳои разилонаи гумроҳсозии шаҳрвандони кишвар бо шомилсозии онон ба гурӯҳҳои террористӣ даст накашидаанд. Ин кирдори муғризонаро маблағгузорӣ карда истодаанду аз ғояҳои ифротгарояшон даст накашидаанд. Шармандагӣ то ҷоест, ки ифротиёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ” - ро ношинохта мегиранд, ки ҳол он, кизодаюпарвардаиташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом асту мӯҳтоҷ ба исбот нест.

Боқӣ аз ин андешаҳо хулосаи воқебинонаи ҷомеа мебояд, ки сарҷамъона решаи наҳзатиёнроякҷоя барканему нобуд созем!!!

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ