​Изҳорот: Ҳамсоя кай ёбад қарор

Муқовимати байни неруҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати “Толибон” муноқишаи тӯлонист, ки таърихи беш аз 40 сола дорад. Мардуми Афғонистон дар ин раванд ҳамеша ноорому дар таҳлукаанд. Имрӯзҳо ин муқовимат то ба дараҷае тезу тунд гардидааст, ки дар деҳаҳои мавзеи Бадахшонҳодисаҳои қатли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ сершумор ба назар мерасад. Аслан, ҳаракати “Толибон” дар қатори ташкилоти “Давлати исломӣ”, “Ал-қоида” ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар як сафанд ва мақсади лаинашон барпо намудани давлати ба ном исломӣ дар минтақа мебошад. Баҳри муқовимат ба ин нерӯҳои ифротгаро ҳар як фардро мебояд дар атрофи нерӯҳои қонунӣ сарҷамъ гардаду ба ин нобакорони наҳзатӣ муқовимати арзанда нишон диҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо давомнокии зиёда аз 1400 киллометр ҳамсарҳад аст, аз муноқишаҳои дохилии Афғонистон бетараф буда наметавонад. Зеро, хавфи ҳуҷуми ҳаракати “Толибон” ба сӯи деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом низ мехоҳад чун ҳаракати “Толибон” рафтору кирдор намояд, ки хоҷагони ҳарду ин ташкилоти ифротӣ аз як макону манбаи маблағгузорашон низ якест. Ин ифротиён, ки дар Афғонистон зиёда аз 40 сол инҷониб низою тафриқаандозӣ мекунанд, мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон низ чунин вазъро ба вуқӯъ оваранд.

Шукронаи Парвардигор, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз падидаҳои номатлуби ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва дигар ташкилотҳоиифротӣ бохабаранд ва онҳоро ҳамеша маҳкум мекунанд. Итминон дорам, ки мардуми Тоҷикистон бо ваҳдату якдилӣ дар атрофи роҳбарияти олии кишвар сарҷамъ мешаванду нерӯи тавонои муқовимат ба душманони ошкорою пинҳониро соҳибанд. Хуб мешавад, ки ҳар як фарди бо ору номус аз низоъҳои дохилии Афғонистон сабақаи ҳаёт бардораду баҳри ободонии Ватани маҳбубамон камари ҳиммат махкам бубандад!

Собиров М.С. - устоди факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ