Хиёнат ва амалҳои ифротии Муҳиддин Кабирӣ

Имрӯзҳо тариқи ҳаргуна шабакоҳои интернетӣ фикру ақидаҳои гуногун аз ҷониби Кабирӣ ва пайравонаш баназар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ақидаҳои бадхоҳонаи ин ғуломонро то ҳол пуштибонӣ мекунанад. Вале бо ин ақидаҳои номатлуб Кабирӣ чиро исбот кардани бошад, ҳеҷ маълум нест? Вай фақату фақат пешравии ҷомеаи имрӯзаи моро намехоҳад, ҳамеша зери фармони хоҷаи худ қарор дорад, ҳамчун ғулом. Чунки табиати ғулом ин танҳо иҷрои амри хоҷаи худ аст, хоҳ он ба манфиати халқ бошад, хоҳ ба зиёни халқу миллат дигар иродаи худро надорад, бояд иҷро намоянд. Агар Кабирӣ ватандӯст мебуду ватанро обод кардан мехост, ҳеҷгоҳ ба сари мардуму халқи худаш чунин тӯҳмат ва хиёнатро намекард. Кабирӣ як хиёнаткоре мебошад, ки пайваста ноором сохтани вазъияти кунунаи давлати моро мехоҳад.

Таърих худ инъикоскунандаи ҳамагуна зуҳурот ва ҷараёнҳои иҷтимоиву сиёёсию фарҳангӣ ва идеологӣ мебошад.Инчунин, дар саифаи худ тамоми ҳодисаҳову ҷараёнҳои гуногунро сабт намудааст. Аз ин лиҳоз, мо ба охирҳои асри гузашта рӯ ба таърих меорем, ки дар ин давра дар Тоҷикистон хеле давраи бесарусомониҳо бо ташабусу кӯшишҳои аъзоён ва ташкилкунандагони ТЭТ ҲНИ ва устодони Кабирӣ ба миён омад. Онҳо аз вазъи ҳассосии сиёсати онвақтаро истифода намуда, мардумро ба гирдиҳамоӣ ва дар охир ба гирдоби ҷанг кашиданд. Ин хиёнати ТЭТ ҲНИ на танҳо ба халқу миллати худ буд, балки ба исломе, ки моҳияти асоси онро инсондӯстиву инсонпарварӣ ташкил мекунад дареғ надошатанд.

Мардуми мо медонанд, ки бахусус насли миёнсол ва солхӯрда хуб дар хотир доранд, ки дар Тоҷикистоне, ки нав истиқлолияташроба даст оварад Кабирӣ ва пайравону устодони он сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ буданд. Инҳо бо ТЭТ ҲНИ боиси зиддиятҳои сиёсӣ, идеологӣ, қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид.

Мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҳамаи ин ҷурму нуқсони ва хиёнати ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни он нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ соли 1997 онҳоро бахшиданд. Мавриди зикр аст, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТЭТ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард. Вале инҳо ба қарди ин сулҳу суботи миллат нарасиданд ва дубора ба хоҷагони худ фаъолияти хиёнакорони бадахлоқиву ҳайри инмониро авло донистанд, ки дар натиҷа моҳи сентияри соли 2015 ин ташкилот ҳамчун ТЭТ ҲНИ эълон ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар маън намуданд. Аъзоёни он бо сардории Кабирӣ фирор намуданд. Зеро хиёнате, ки ин ташкилот кард, дар таърихи инсоният нобахшиданист. Кабирӣ ва ҳизбаш хоин буд ва ҳамеша хоин мемонад. Марг бод ба чунин афрод!

Аюбов А. - устоди кафедраи фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ