Ҷонибдори пайвандии дӯстона

Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори давлати демократӣҳуқуқбунёд беҳтарин анъанаю суннатҳои ҳукуматдории гузаштаидавлатмардони тоҷикро идома дода, бунёди давлати озоду демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаро ҳадафи аслии сиёсат муаррифи карданд. Хусусан бар асоси чунин асолат пояҳои давлат мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва манзалату нуфузро дар сафи дигар кишварҳо пайдо намуд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём то имрӯз ҳамеша ҷонибдори пайвандии дӯстона байни робитаҳои хориҷиву дохилӣ буд ва ҳоло ҳамчунин аст.

Деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз минтақаҳои дурдасти кишварамон ба шумор рафта, дар роҳи рушд ва сулҳу субот қадамҳои устувор мегузорад. Равандҳои сиёсии Ҳукумати мамлакат бо ҷониби Қирғизистон ҳарчанд дар доираи муносибатҳои дӯстона қарор дошта бошад ҳам, афсус, аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи қирғиз борҳо вазъ дар минтақаҳои марзӣ ноором карда мешавад ва Ворух дар ин самт аз минтақаҳои асосии зарарбинанда гардид.

Аз давраи шӯравӣ солҳои 1980 зиддият байни сарҳадҳо ба миён омада буд, ки ба муддати ноаён боздошта шуда буд. Солҳои 90-ум борҳо байни сарҳадҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонмуаммо аз нав барқарор шуда, ҳалли худро наёфт ва инчунин, давоми соли 2019 ҳолати нанговари номуросоӣ ба миён омада, аз ҳарду ҷониб ярадорону талафдидагони ҷониро ҳам ба миён овард.Хулосаҳатто роҳбарони ду давлати ҳамсоя бар ин минтақаи марзӣ ташриф оварда, халқи ҳарду ҷонибро ба зиндагии дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват карда буданд ва сокинони ҳарду миллат ваъда дода буданд, ки минбаъд тибқи меъёрҳои иҷтимоӣ амал мекунанд ва эҳтироми якдигарро ба ҷо гузошта, бародарона умр ба сар мебаранд. Амма сад афсӯс, ки ин паймон аз тарафи мардуми қирғиз вайрон карда шуда, муаммои деринаи байни ин ду миллатро боз ба миён оварданд.

Дар ҳақиқат, Ворух ҳоло бамуаммои умумимиллӣ табдил ёфтааст. Ҳар вақт хабаре аз Ворух ё дар бораи Ворух паҳн мешавад, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳид мешаванд. Масъалаи баҳсноки ҳудуди замини Тоҷикистону Қирғизистон, ки собиқа дорад, чандест аз нав рӯ зада, ташвишии зиёдро ба миён овардааст. Ҳарчанд дар ин масъала ҳақ ба ҷониби Тоҷикистон аст ва ҳақиқатро бо далелҳои муътамад исбот кардааст, вале ҳоло ҳам ҷониби давлати ҳамсоя ба даъвои беасос пойфишорӣ доранд. Баҳсу моҷаро барои истифодаи обу замин байни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз тезутунд ва ҳалталаб аст. Мутаассифона, ҳамсояи қирғизи мо амалияи мавҷударо ба инобат нагирифта, аз рӯзҳои аввали сар задани ихтилоф ба фаъолияти тарғибгарона шурӯъ карда, вазъиятро ба таври барояшон қулаю муфид зикр намуда, дар баёни воқеаҳо ба ғалату сохтакориҳои аз ҳад зиёд роҳ доданд, тавре ки пештар ва на як бор ҳамин тавр шуда буд.

Аз ибтидо давлати сулҳпарвари мотарафдори сулҳу оромиш ва таҳкими дӯстӣ дар минтақа ҳаст ва аҳдномаҳо аз ҷониби Тоҷикистони соҳибихтиёр вайрон нашудааст. Баръакс, аз тоқатпазирии ҷониби Тоҷикистон истифода намуда, ҳатто бо дахолати мақомоти қудратии кишвари ҳамсоя ҷангҳои мусаллаҳона ба аҳолии осоишта дар чандин минтақаи сарҳади мамлакати мо анҷом шуд, ки дар натиҷа чандин нафар шаҳрвандон фавтидаву зарари ҷисмонии зиёд ба шаҳрвандон расид. Мо фаромӯш намесозем, ки Ворух як порчаи ҷудонашавандаи Ватанамон мебошад. Мутаассифона бо ҷой доштани нофаҳмии солҳои гузашта деҳоти дурдасти Тоҷикистон ба макони нофаҳмӣ ва бадбинӣ табдил ёфтааст. Акнун бошандагони Ҷумҳурии Қиргизистон бар сари мардуми осоиштаи тоҷик қувваи худро нишон додан меҳоҳад. Шояд онҳо дарк накардаанд, ки миллати тоҷик замини қадимии худро зери ҳимоя гирифтааст. Ин ҳама нофаҳмиро бояд сари вақт зери назорат гирифт, зеро сокинони осоишта ба хотири ҳимояи марзу буми хеш захмдидаву ҷароҳатбардошта истодаанд. Бо як сухан ё навиштан мубоҳисаи чандинсола дар як муддат ҳаллу фасл нахоҳад шуд, зеро дар ин ҷода танҳо фикри солим кӯмак карда метавонад. Маҳз шаҳрвандони Қирғизистон то ҳол дарк накардаанд, ки деҳаи Ворух ин замини қадимаи тоҷикону тоҷикистониён аст.

Ворух дар тӯли 30 соли пойдории Истиқлолияти давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд ин таваҷҷуҳ дучанд гардида, нақшаҳои нек амалӣ мешаванд. Сокинони меҳнатдӯст ва сулҳпарвари Ворух чун дигар минтақаҳои кишвар дар рушди тамоми соҳаҳо, ободии диёри худ, ҳифзу гиромӣ доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ, манфиати давлатӣ саҳми боарзиши худро мегузоранд.

Ботурова Дилафруз Раҷабовна омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ