​Ташкилотҳои террористӣ ва ақибатҳои фаъолияти онҳо

Пас аз пош хӯрдани давлати қудратманди Шӯравӣ дар қаламрави кишварҳои тозаистиқлол гурруҳҳое арзи ҳастӣ намуданд,ки ба оромии минтақа ва сулҳу субот халал ворид намуданд. Дар қаламрави Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, дар Ӯзбекистон ҳаракати исломӣ, дар Қазоқистон ҳаракамти исломиҳо ва ғайра ба фаъолияти ифротгароӣ пардохтанд ва барои ноором кардани ҷамъият камар бастанд. Ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта ба мо нишон дод, ки оқибати корҳои анҷомдодаи ташкилотҳои номбаршуда ба чӣ меанҷомад.Ҳарчанд дигар гуруҳҳо дар кишварҳои ҳамсоя натавонистанд фаъолият намоянд, аммо дар Тоҷикистон аз имону боварии мардум истифода карда ифротгароён аз номи ислом кишварро ба вартаи нобудӣ бурданд ва оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга заданд. Ба сафи ташкилоти террорстӣ шомил шудани ҳизби наҳзати исломӣ дар Афғонистон хеле ҳарфи калон аст. Зеро имрӯз ҳар гуна ҳаракатҳои террористӣ дар Афғонистон мардумро ба дод оварда, ин мамлакатро ба як харобазор табдил додааст. Тамоми террористони хавфнок паноҳгоҳи худро дар Афғонистон ҷуста онҷо иқомат менамоянд. Дар баробари ҳизби террористии наҳзати исломӣ дигар гурруҳҳои тундрави исломӣ ба рӯйхати ташкилоти террористӣ ворид карда шуданд. Мо боварии комил дорем, ки ин тадбири ҳукуматдорони афғон барои пойдории сулҳ як шароити мусоид фароҳам меоварад. Мо дар истиқболи ин ташаббус ба мардуми дусту бародари Афғон саломативу бардборӣ ва сулҳи ваҳдати пойдорро хоҳонем.

Кайхусрав Каримов – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ