Давидани гӯсола то каҳдон

Олимону муҳаққиқон навъҳои мухталифи терроризм, ба монанди терроризми сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, технологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба хулосае расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризм ва экстремизми динӣ ҷаҳони имрӯзаро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар коршиносон, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва айни ҳол он дар аксари кишварҳои олам ба назар мерасад. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотираи мардум сабт гардидааст ва он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Имрузҳо дар сомонаҳои иҷтимои паҳн гардидани маълумотҳои дурӯғу пуч то рафт зиёд шудаистодааст, ки ин ҳам бошад аз худ ба худ паҳн кардани маълумоти савсатаи гуруҳҳои террористӣ ҳизби назҳати исломӣ ба ҳисоб меравад. Маълумоти охироне, ки аз ҷониби раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ дар яке аз конфронси байналмилалӣ–изҳор дошт, ки қувваҳои ҳарбии ҳизби наҳзати Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд. Изҳороти ўро аввал худи раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва баъдан сухангўи ҳизб Бобоҷон Қайюмзод рад карда Аҳмадзиё Сироҷро ба бемасъулиятӣ айбдор карданд. Ҳарду номбаршуда иддао доранд, ки дар ҳудуди ҳеч кишваре ҷиноҳ ва ё худ нерўи ҳарбӣ надоранд ва танҳо бо роҳи демократӣ мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳукумати қонуни бунёд кунанд.

Воқеан ҳам имруз мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин бешарафон, ки худро бегуноҳ ҳисобида боз мегӯянд, ки дастаи ҲНИ ягон гуноҳ надорад ва ба ин дастаҳо ягон иртиботе, ҳам надорад. Эҳ бешарафон! Дуруғ гуфтанҳам то ҷое, макон дорад. Боз мегӯяд, ки бо роҳи демократӣ мехоҳанд дар Тоҷикистон ҳукумати қонуниро бунёд кунанд. Ман намедонам онҳо барои чи ба дилпурӣ ин суханонро гуфтаистодаан. Магар аз ин ҳам хабари хандаовар мешуда бошад. Зеро медонед чӣ?. Имруз ҳар яки мо миллати тоҷик хуб медонем, ки ҲНИ чи гуна ташкилот ҳасту, тарафдорони онҳо чӣ амалеро анҷом медиҳанд.

Магар таърихӣ солҳои 90-умро фаромуш кардед, ки бародар бо бародар, падар бо писар зидди якдигар силоҳ бардоштанд. Миллати нав таъсисёфтаро зери хок яксон карда шаҳрвандони бегуноҳ вафот кардаву, кудакони бегуноҳ ятим монданд, ки ин ҳама ҷабрбиниҳоаз ҳисоби ТТЭ ҲНИ шудааст.Боз имруз сухан дароз карда мегӯяд мо дар Тоҷикистон Ҳукуматро бо роҳи зӯри не балки бо роҳи қонуни ба даст меорем, магар ба ин амали муғризона миллати тоҷик иҷозат медиҳад. Дар ду дунё миллати мо ба нафаре, ки Ватан, миллат, давлаташро барои пулушуда фурухтааст. Ҳеҷ гоҳ намебахшад ва барои анҷом додани мақсади разилонаи худ роҳ намедиҳад.Мегуянд “Бори каҷ ба манзил намерасад”, ё ки “Давидани гӯсола то каҳдон” яне ин маънои онро дорад, ки имруз миллати тоҷик сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Некро бошад аз баъд. Ҳамчунин ҷавонони даврони истиқлол низ аз ин амалҳлои разилона дар нафрат буда миллати худро бо ҷону тан ҳимоя менамоянд ва намегузоранд, ки нафаре ба рӯи Модар Ватани ӯ хок пошанд.

Ҷӯраев М.Б. муаллими кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ