Ба фитнаи хоинон дода нашавем
Тоҷикистон ва тамоми соҳоти он ба рушди бемайлон ворид шуда, пешрафти рӯзафзун дорад ва ҳар гӯшаи диёрамон ободу зеботар аз дирӯз гашта истодааст. Бунёди боғу гулгаштҳо, қомат афрохтани биноҳои бисёрошёна, марказҳои замонавии хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, корхонаҳои саноатии хурду миёна ва ғайра далел ба рушду ободонии меҳани азизи мо аст.
Дар ин самт мардуми кишвар чун шаҳрванди садоқатманд дар ин ҷабҳа фаъолият муоассир дошта, бо якдиливу садоқат ва ваҳдату рифоҳ мекӯшанд, то зиндагии беҳтар ва арзандатарро барои худу пайвандон муҳайё карда бошанд. Аммо дар ин радиф ҳастанд, нокасоне ки ба неъматҳои худовандӣ, билхоса ватани обоу озод ва диёри зебову нотакрор ношукрӣ намуда, мекӯшанд то мардумро багумроҳӣ ва дом ки бо фирбу найранг сохтаанд кашида бошанд.
Ин гуна афрод дар симои он хоиноне зоҳир мешавад, ки берун аз кишвар иқоматро ихтиёр намуда, бо пули хоҷагон кайфу сафо ва айшу ишрат доранду то кунун барои ободии Тоҷикистон, билхоса ҳатто ободии хонаи худ ҳеч иқодмеву кореро ба сомон нарасонидаанд, аммо мардумро мехоҳанд аз ободӣ боздошта бошанд...
Мутаассифона, баъзе гуруҳу гуруҳакҳои сиёсӣва ҳизбҳои қудратталаб ба мисли ТТЭ ҲНИ ва пайвандону пайравони он ин вазъияти осоиштагӣ ва дастовардҳои сиёсии давлатро дидан намехоҳанд ва бо ҳар баҳонае, алахусус аз буд зиёд ҳангома кардан дар атрофи як-ду масъалаҳои рӯз ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Албатта, мардум худаш қудрати чудо кардани некро аз бад, осоиштагиро аз нооромӣ, душманро аз дӯст дорад, аммо ҳадафи ин гуруҳакҳо хуб набуда ва ҳамеша ҷомеаро ба каҷравӣ даъват кардан аст ва онҳо дар ин ҷо ҳамеша ба мафкураи ҷомеа, хусусан он қисмати камтаҷрибаи ҷомеа, яъне ҷавонон таваҷҷуҳи бештар доранд, ва аҳдофи муғризонаи худро тавассути ин қишр амалӣ кардан мехоҳад.
Имрӯзҳо душманони дохиливу хориҷии миллат барои ба банду қайди худ даровардани ҷавонон дар сари роҳашон қапқонҳои зиёде чидаанд, ки хеле рангорангу фиребандаанд. Яке аз чунин қапқонҳо бо мақсади сӯиистифода кардан аз эҳсосоти динии ҷавонон бо сиёсат омехтани масоили динӣ - исломӣ, сиёсисозии ислом ва худро ҳомии ислом нишон додан ва таблиғи муборизаи сиёсӣ бо роҳҳои ифротгароию тундравӣ, таҳаммулнопазирию таассуби динӣ аст.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар медонад, ки мо тоҷикистониён дар муттаҳидӣ як қувваи бузург буда, метавонем саҳми арзандаи худро дар пешрафту гул-гулшукуфоии давлату миллати азизамон гузошта бошем.
Хушбахтона мардуми тоҷик аз хиради азалӣ ва ободониву созандагӣ кор гирифта, талош бар он доранд, ки Тоҷикистонро ба кишвари биҳиштсимо бадал карда бошанд.
Раҳмоналӣ Ҳазратқулов - устоди донишгоҳ