Изҳорот: Шикасти аъзоёни ТЭТ ҲНИдар хориҷи кишвар низ ногузир аст...
Ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ба дараҷаи олӣ ташвиқ менамоянд. Бояд хотиррасон кард, ки ҳоло тамоми ҷаҳонро бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фаро гирифтааст. Илова ба ин вазъи ҷаҳони имрӯза бо таъсири пандемияи бемории КОВИД - 19 боз ҳам душвортар ва мураккабтар гардидааст. Имрӯз, ҳатто давлатҳои мутараққии ҷаҳон, аз қабили Амрико, Россия ва Аврупо дар ҳолати вазнин ва муташанниҷ қарор гирифтаанд. Мо чунин вазъияти ташвишовари ин давлатҳои мутараққиро ҳар рӯз мебинему мешунавем. Аз ин лиҳоз, мушкилоти вазъи ҷаҳонӣ низ ба сарзамини мо асар намуда, он камбудиҳое, ки дар дигар давлатҳои тараққикарда ҷой доранд, ба мо низ таъсири худро расонида истодаанд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, Тоҷикистони кӯчаки мо, таҳти роҳбари Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумат зина ба зина тараққӣ менамояд, пеш меравад ва мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила паси сар мекунад. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон садҳо корхонаҳои нави муосир ва муссисаҳои маориф, тандурустиву фарҳангии замонавӣ амал менамоянд ва бунёд мегарданд. Инчунин, ҳама бо таҷҳизоти нави технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконияти маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол карданро доро мебошанд. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар иншоотҳои бузург, роҳҳои навбунёд ва коргоҳҳои саноатии замонавӣ сохта шуда, ба истифода дода мешаванд. Халқи тоҷик пас аз интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳи пешгирифтаи Пешвои хирадманди кишвар содиқ будани худро бори дигар собит намуд. Вале ин ҳамаро мухолифини тоҷикон сарфи назар карда, боз ҳам сохту ҳаёти мардумро танқиду мазаммат менамоянд. Мо доир ба фаъолияти зиддидавлатии М. Кабирӣ ва пайравонаш бо санаду далел ва мисолҳои зиёде борҳо навиштаем. Бояд гуфт, ки худи нуқтаи назари мухолифини дар хориҷбуда низ нисбати фаъолияти М. Кабирӣ мухталиф аст. Яке аз фаъолони мухолифини тоҷик Д. Атовуллоев иқрор мебошад, ки дасисаву фитнаҳои раиси назҳати ислом дар Аврупо низ вазъияти ногувор ба вуҷуд овардааст: “Тамоми кашмакашҳо, дасисаҳои пушти парда ва хусуматҳои мутақобил пас аз омадани Кабирӣ шурӯъ шуданд!...Ин шумо ҳастед, ки Аврупоро мисли Файзобод на танҳо ба чарогоҳ, балки ба оғилхона табдил додаед! ”Ҳамзамон илова мекунад: “Ман ва тарафдоронам ҳаргиз бо ин мухолифин нахоҳем буд, чунки ин роҳ ба қарни гузашта аст! Ҳатто, фаъолони мухолифин низ фаъолияти М. Кабирӣ ва наздиконашро сахту ошкоро маҳкум менамоянд. Зеро мақсади онҳо Тоҷикистони ободу оромроба майдони ҷангу низоъ, мисли Афғонистон, Ироқ ва Сурия табдил додан аст.
Мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосони мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд.
Фаррух Ҳасанбоев - таҳлилгар