Моҳи беайбу ситораи бедум...
Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое нисбати ба ном “ҳомии муҳоҷирон дар мамолики Рус” Иззат Амон фузун гардидаасту истифодабарандагони шабакаҳоро ба ду табақа ҷудо намудааст. Яке бонги таассуф мезанад, ки ҳимоятгари муҳоҷирон “моҳи беайб” асту дуввумин, ки ошкоро шоҳиди қаллобиву фиреби ӯ гардидааст, дигар ҷониби чеҳраву фаъолияти номбурдаро изҳор менамоянд.
Дар сомонаҳо он қадар атрофи ин масъала нигоришот бисёр, ки касро ба ҳайронӣ мебарад. Наход нафаре, ки аз ҷониби шаҳрвандони дигар мамлакатҳо чун инсони қаллобу худхоҳ шинохта шудааст, аз ҷониби ду се нафар шаҳрвандоне, ки шояд хешу ақрабо ва ё ҳамсояву ҳамшаҳр бошанд, то ба дараҷаи шоҳ унвон додаанд, ки гӯиё дар давраи бемории ҳамагир дастгирӣ ҳамаи муҳоҷирони тоҷик буд. Аз рӯи гузориши рӯзноманигорони Рус оид ба ин масъала шарҳу тафсирҳои зиёдеро мутолиа намудан имконпазир аст. Дар чунин як мақолаи тафсирӣ шарҳи сарвари ташкилоти ғайримолиявии ёрӣ ба муҳоҷирон, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мутолиа намудем, ки чунин омадааст: “Ӯ (Иззат Амон) ягон вақт ҳимоякунанда набуд, аммо ӯро имрӯз чунин ном мебаранд. Вай бо санадҳои қалбакии муҳоҷирон савдо менамуд. Вай ба мардум ваъдаи шаҳрвандӣ намуданро мекарду дар асл ба касе ёрӣ намедод. Боз ӯ кӯшиш менамуд, ки дар мамолике он ҷо фаъолияти сиёсии шаҳрвандони хориҷӣ мамнуъ аст, ҳизби сиёсие таъсис дода бошаду шӯрои бисёрҳазорнафара таъсис бидиҳад. Ӯ медонист, ки дар Руссия ин фаъолият дастгирӣ намеёбаду ҳар нафари дар гирдиҳамоӣ ҷамъ гардида, аз ин мамлакат хориҷ карда мешавад. Оид ба ҳақгӯии ман роҷеъ ба фаъолияти аслии ӯ якчанд маротиба таҳдид ҳам шунидам...” Ин аст фикру ақидаи як нафаре, тоҷик нест, ҳамшаҳр нест, вале нисбати дигарон бетараф ҳам нест. Вақте, ки ҳақиқати аслро изҳор мекунад, аз ҷониби ана ҳамин “ҳимоятгар” таҳдид мешунавад!!! Ана ин аст, “инсонгароӣ”, “инсондустӣ” ва “ҳимоякунӣ”!!! Агар он қадар “моҳи беайб” мебуд аз ҷониби шаҳрванди дигар мамлакат ин қадар вокуниш намешунавид! ....
Шарифзода М.