Озодандеширо бетартибӣ мепиндоранд?
Қазияи барои кирдори авбошона ба ҳабс гирифта шудани муовини Ҳизби сотсиал – демократииТоҷикистон, адвокати “озодихоҳ” Маҳмурод Одинаев аз ҷониби мухолифини Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистонбоиси кашокашӣ, ҳангоматозӣ, фитнаҷӯӣ, иғвоангезӣ, дасисабозӣ, тӯҳмату бӯҳтонҳо ва дигар амалҳои ноҷавонмардона гардид, ки гувоҳии дилсиёҳию нопокии мухолифин мебошад. Дар ин ҷадал ташкилотитеррористию экстремистии Ҳизби наҳзатиислом бо сардории Муҳиддин Кабирӣ ва думравони лаббайгӯякаш дар сафи пеш қарор гирифтаанд. Наҳзатиёни ифротие, ки барои онҳо агар ҳарфе ноҷоя афтад ё ошкор гардад аллакай“қиёмат қоим шудааст!”. Гӯё худи онҳо барои ҷомеаи башарӣ, худ ҳатто барои маҳали ба воя расидаашон манфиате оварда бошанд, ҳар амали созандагию бунёдкорӣ қилест дар чашмашон бошад?! Омӯзиши қазияи зикрёфта ва далелҳои мавҷуда оид ба фаъолияти Ҳизби сотсиал – демократииТоҷикистон собит месозад, ки ҳизби мазкур гарчанде ба монанди ҳизби наҳзати Ислом фаъолияташ мамнӯъ набошад ҳам, дар байни мардуми Тоҷикистон эътиборе надорад.
Зеро, дар маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ягон намояндаи ин ҳизб аз ҷониби халқи оддӣ дастгирӣ наёфтааст.
Фаъолияти Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон ва роҳбарияти имрӯзаи он дар симоиРаҳматулло Зойиров, Шокирҷон Ҳакимов, Маҳмурод Одинаев ва дигарон худ шаҳодат медиҳад, ки онон на ҳамчун ҳизби ҳақиқатҷӯ, балки чун ашхоси “тайёрхур” (паразит) баромад мекунанд. Чун, ки худ ягон амали мусбӣ анҷом надоданду фаъолияташон танҳо бо баҳодиҳию норозигии мутаасил аз амалҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст?. Вагарна чӣ халал медиҳад, ки онон ба мисли ҳизбиёни дигар ақалан шанбегӣ ташкил наменамоянд ё худ дарахте намешинонидануумри худро бо ҳарзагӯию дасисабозӣ гузаронида истодаанд. Хусусан, қазияи зикрёфтаи Маҳмурод Одинаев ин гуфтаҳоро тасдиқ менамоянд. Зеро, аз афташ ӯ озодандеширо ҳамчунҳамаимконӣ(вседозволенност) фаҳмидаасту бехабар азволоияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар мебошад.
Собиров М.С.- мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент