ДДХ соҳиби Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд гардид

Даҳаи сеюми моҳи май дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбастии мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба моҳвораи ҷавонон баргузор гардид.

Аз намуди волейбол ва футбол байни муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус тими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми аввалро касб намуд.

Дар маросими ҷамъбастӣ, ки бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷараён гирифт, ба ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва дастаи волейбол ва футболи донишгоҳ Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ