Ҳампешаи иғвогарони наҳзатиянд
Оғоз гардидани ҳолатҳои нави парвандаи ҷиноӣ нисбати муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев, ки аломати ҷиноӣ – давъват ба ошӯбу табаддулоти давлатиро дар бар мегирад, воқеаи хузнангез дар ҳаёти сиёсии кишвар аст, ки боиси таасуф мебошад. Алалхусус, андешаи роҳбари Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон Раҳматулло Зойиров, ки ҷинояткории М. Одинаев берун аз фаъолияти ҳизбиаш аст, хеле ташвишовар асту шаҳодати парокандагӣ дар ҳайати роҳбарияти Ҳизб ва мавҷудият надоштани платформаи ягонаи сиёсӣ дар ҳизби мазкурро инъикос мекунад.
“То шамол нашавад, дарахт намеҷунбад” омадааст дар мақоли халқӣ, ки ишора ба он аст, ки агар сабаби воқеӣ мавҷуд набошад нисбатиМ. Одинаев парвандаи нави ҷиноӣ оғоз намегардид. Умуман, шиносоӣ ва таҳлили фаъолияти ҳизби мазкур аз давраи оғозаш то инҷониб гувоҳӣ медиҳад, ки дар он амали мушаххаси мусбӣ дидан амри маҳол аст. Ҳатто, даврае, кироҳбари Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон Раҳматулло Зойиров дар мансаби баланди давлатӣ буд, амали шоистае ба мардуми оддӣ накардааст.
Фаъолияти мунтазами Ҳизби мазкур аз танқиди пайваста, хӯрдагирию эродгирӣ, дасисабозию иғвогарӣ ( фарзияи қасди куштани Р.Зойиров), тӯҳмату бӯҳтонбофӣ, сафсаттабозӣ ва амалҳо дигари зараровар ба ҷомеа иборат будааст, ки шабеҳи кирдору рафторҳои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом асту фарқияти казоӣ надорад. Танҳо, фарқият дар он буд, ки аъзои ҳизб ба ғасби ҳокимияти давлатӣдаъват намекарданд. Вале, аллакай ин падидаи номатлуб ба Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон дар симои М. Одинаев часпидааст,ки аз оғози парвандаи ҷиноӣ исботи худро ёфтааст.
Аз Р.Зойирову,М.Одинаев, Ш. Ҳакимов ва дигар сотсиал – демократҳои тоҷик ба ҷомеа манфиате нарасидаасту амалҳою гуфторҳои онҳо боиси коҳишёбии ҳисси боварӣ ба роҳбарияти олии кишвар шудаасту халос. Алалхусус, андешаҳоиШокирҷон Ҳакимов оид ба тағйироти баамаломадаи кадрӣ дар сатҳи Ҳукуматураисони шаҳру навоҳии кишвар беш аз сафсаттаи беасос чизе нест, вале бӯйи кинаву адоватро паҳн менамояд
Далелҳои воқеӣ нишон медиҳад, ки бо баҳонаи озодандешӣ дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ аъзоиҲизби сотсиал – демократии Тоҷикистон амалҳое анҷом медиҳанд, ки на бар нафъи ҷомеа, балки ба зидди рушди оромиву осудагии ҷомеа равона гардидааст. Бинобар ин, бо назардошти таҳкими ҷомеаи демократии шаҳрвандӣ аз Р. Зойирову М. Одинаев ва дигар аъзоиҲизби сотсиал – демократии Тоҷикистон даъват менамоям, киаз ҳарзагӯӣ худдорӣ намоянд. Вагарна чун наҳзатиёни палиду ватанфурӯш шармандаи ҷаҳониён мешаванд !
Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент