​Сулҳу дӯстӣ дар Тоҷикистон пойдор аст

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функсияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ,иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.

Дар Тоҷикистон хушбахтона давлат бобати ин масъала бетараф нест. Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” амал менамояд. 10-декабр рӯзи “Эъломияи ҳуқуқи башар, бар зидди терроризм ва экстремизм” мебошад, ки ҳамасола аз тарафи давлат семинар –машварат, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон, наврасон ва ҷомеа гузаронида мешавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Афғонистон ҳаракати “Толибон” баҳри зиёнкорӣ амал менамояд, ки рӯз аз рӯз тезу тунд шуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад ва бетараф буда наметавонад, зеро хавфи ҳуҷуми ҳаракати “Толибон” ба сӯи деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.

Мо ба Ҳукумати давлати худ боварии калон дорем ва дастгирӣ менамоем то ки ба давлати мо зарари ин амалдорон нарасад. То қадри имкон бо давлати ҳамсоя Афғонистон ҳамкорӣ намуда, чораҳои зарурӣ меандешем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ