Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст

Ба тамошои қисми ҳафтуми филми мустанади «Хиёнат» бо номи «Бешарафӣ» дар шабаки якуми телевизиони Тоҷикистон

Пешӣ ва пасӣ, ё ба мартабаъ бувад,

Ё ба табъ бувад, ё ба шараф бувад.

(Ибни Сино)

Муқаддам ёдовар мешавам, ки вожаи «шараф» дар луғати фарҳанги забони тоҷикӣ чунин маънидод шудааст.

  • Номус, шаън, ифтихор, обрў;
  • Асилзодагӣ наҷобат;
  • Фазилат, афзалият, бартарият;
  • Тасдиқ (аз тарафи одами бузург).

Пас бе шарафиро чӣ гуна шарҳ мебояд? Яъне шахсе, ки аз гуфтаҳои болоорӣ, дар макоми нафрату маҳкумшуда дучоргардида. Ҳамчун омўзгор аз тамошои қисми ҳафтуми филми мустанади «Хиёнат», ки бешарафӣ номгузорӣ шудааст ба як ҳолати ногувор афтодам.

Хиёнати ҳамватанро ба ватан, модар медонистем чун, ки аз пушти онҳо Тоҷикистони мо ба як маккони ғаму андўҳ (дучор) мубаддал гашта буду мардум фирорӣ аз он. Онҳое, ки халқи гумроҳҳро ба ин варта андохтанд худ дар айшу нўш буданд, чункихоҷагон сарпараст доштанд.

Ҳолу аҳволи шахсони бадом афтода чӣ? Худ шоҳиди хонандаву шунаванда будем. Медидем, ки рўзгори вазнини ғарибиро мекашиданд. Дар мулки Афғонистон мазор пайдо карданд. Оҳу фишони модарон ва мубталло шудагони ғарибӣ ба осмон мехўрд. Дар баробари ин радиои ҳаррўза аз ҳоли сангини фирориён ба гўши ҷомеа дарди дилашонро мерасонд. Ба болои сари мардуми ғариби фитода, офтоби меҳру муҳаббати худованд тулўъ намуда, фарзандеро фиристод, ки барои пуштибонии он мартаба ва раисии миллату давлати хешро ба ўҳда гирифт. Боз пас ҳамаро ба ватану маконашон баргардонид. Агар амиқтар назар андозем то имрўз ифродгароён ба хусус наҳзатиёд чун каждуми бўриё ба пои миллати давлат неш заданд. Чуноне, ки аз тамошои филми мазкур огоҳ гаштем фарзанд аз тарбияи нодурусти падари нохалаф ва бесавод ба чунин рўзи сангину нангин дучор шуд. Падар ғарибгўр шуд. Ҳатто аз дуриҳо низ касе ба ҳаққаш дуои нек намекунанд.

Хулосаи банда оид ин мавзўи аст, ки марди хонадон бояд аз покӣ, ботини худро ороста созад то, ки наслаш аз хуни гирифтаи ў дар рагҳои шараёнаш бо иффатию порсоиро пешанамояд.Дар охир ҳаминро қайд карданиям, ки дини ислом рафторҳои ба инсон ноҷоизро намебахшад. Шарафи инсонӣ дар тарбияи дурусти волидон ба фарзанд мушарраф мегардад. Ба ин далел устод Мирзо Турсунзодаба маврид қайд карда аст:

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст.

Д.Х. Абдуллозода н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ