Изҳорот: Хиёнаткори нобакор
Нобакорон ва дар як вақт пайравони асили ТЭТ ҲНИ аллакай таҷрибаи кофӣ дар иғвогариву дасисабозиҳо ва тӯҳмату бӯҳтонродоранд ва ҳамеша ба нафъи худашон ҳар лаҳза, ки иттифоқ меафтод истифода мебаранд. Тавре аз шабакаҳои иҷтимоии фейсбук огоҳ гардидем, ин навбат ин нобакорон бо таъсиси сомоноаи нав (бомдод)ба мағси сари ҷавонон тухми бади кошта истодаанд. Бисёр нафароне ки дар ин роҳ ҷавононро гумроҳ мекунанд асосан наздикону пайвандони худи Муҳиддин Кабирӣ ҳастанд ва барои ин ҳизби фаъолияташ манъбуда худро ҳамчун “Мусичаи бегуноҳ” вонамуд карда, тарафдорону пайравон ва ихлосмандони худро нафарони асил вонамуд мекунанд. Ҳамагон аллакай медонад, ки ин ташкилоти экстремистиву террористӣ аллакай мавқеъи худро дар чамъият аз даст додаву миёни он аз эътибор ва обрў маҳрум гардидааст. Мардумон нисбати он нафрат доранд ва дар роҳбару пайравони вай симои душман, хоини давлату миллат ва кишвари худро мебинанд. Чанде пеш хиёнатҳои Муҳиддин Кабири ва ҳаммаслаконашро тариқи оинаи нилгун аз силсилафилми мустанади “Хиёнат” тамошо намудем ва дубора исбот шуд, ки ин ҷамъият барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон ягон хиште болои хишт нагузоштаанд. Ҳоло мутаасифона як фарзанди нохалафу беобрӯ бо ном Мухддин Кабирӣ номи кишвари азизамонро олуда кардааст, ки гуё мусалмони поксиришт асту ТЭТ ҲНИ-ро ҳимоя менамояд, аммо ҳама хуб медонанд ки ин хиёнаткор аст, чаро ки дини ислом шахсонро гумроҳкардану хунрезиҳову ҷангу ҷиходро нафармудааст, аммо баръакс мебошад. Яке аз ҳадафҳои нопоки ин шахси хиёнаткор чавонони зиёдро бо ваъдахои бардуруғаш ба доми худ кашидан, ва бо ваъдаи кору фаъолият мухоҷиронро ба воситаи зердастонаш ба мавзеъҳои терористиву экстромисти онҳоро ҷалб менамояд.
Шаҳрзоди Баҳор