38 нафар муҳассилини донишгоҳ соҳиби стипендияи Раиси вилоят гардиданд

38 нафар муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Суғд сарфароз шуданд.

Маросими супоридани стипендияи Раиси вилоят дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат гирифта, дар доираи он ба ҷавонони фаъол шаҳодатнома ва стипендия супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз нақши ҷавонони вилоят дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, дар мавриди таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки масоили марбут ба ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир ва иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли хониши 2022-2023 барои дониши аъло ва интизоми намунавӣ 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони вилоят ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят сазовор гардиданд. Аз ин шумора 38 нафарро муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил медиҳанд, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят нишондиҳандаи баландтарин унвон мешавад.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ Хаёмиддин Исмоилов, аз шумораи умумии гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 25 нафар донишҷӯ, 8 нафар магистрант ва 5 нафар докторант мебошанд.

Теъдоди гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сол то сол афзоиш дошта, ин шумора нисбат ба соли гузашта 10 нафар зиёд мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки дар идомаи супоридани стипендияи Раиси вилоят маросими супоридани гувоҳнома ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ низ доир гардида, аз 45 нафар иштирокчиён 13 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровсоҳиби гувоҳнома шуданд, ки ин нишондиҳанда низ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баланд аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ