Ин амалҳои ифротӣ то ба кай!
Пӯшида нест, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пеш аз ҳама сарвари некбину некхоҳ мебошанд рӯзҳои мудҳишро паси сар намуд. Дар зарфи наздик 30 соли соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум то ба зинаи зиндагии осоишта омада расиданд. Ин бахти тамоми мардуми бонангу номуси Ватан аст. Афсӯз пайдо мешаванд нафароне, ки ин ободиро дидан намехоҳанд ва бешубҳа барои осоиштагии мардум хатарҳо эҷод мекунанд. Ба ин қабил беномусон ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳаммад Кабирӣ дохил мешавад. Аз рӯи маълумот мақомоти амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавқеи расмии худро доир ба мавҷудият ва ҷойгиршавии 6 то 10 ҳазор ҷангиёни намояндагони ташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз ҷумла, ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломро дар шимоли Афғонистон ва дигар минтақаҳои он расман эълон намуд. Ин маълумотро роҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ рӯзи 18–уми феврал дар як “Конфронси минтақавӣ мубориза алайҳи терроризм” аз таҳдиду хатарнокии воқеии доштани ин ҷабҳаю дастаҳои ифротгаро, ба монанди Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҲНИ) расман эълон намуданд. Вобаста ба ин масъала агар мо ба маълумотҳо такя намоем пас, ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки соли 1990 таъсис ёфта, то соли 2015 талош варзида, беш аз 43 ҳазор узвият ва ҷонибдорони худро пайдо намуда, худро яке аз бузургтарин ҳизбу ташакилоти сиёсии мухолифи давлат эълон намуда буд. Доир ба хиёнат ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ доштаи ТТЭ ҲНИ мисолҳои зиёде овардан мумкин мебошад.
Маълум аст, ки мақсади хоинони ватан ин пеш аз ҳама ба вуҷуд овардани низоъ дар ҷомеа, пошидани тухми кинаю ҳасуд, ба бор овардани садҳо куштор, тороҷи моликияти ҷамъиятиву давлатӣ, азхуд кардани муассисаю корхонаҳои давлатӣ, овардани зарару ҳисороти зиёд ба иқтисоди кишвар, мусибати гарони равонӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум, ангехтани ихтилофи мазҳабӣ, маҷбуран бор кардан ақидаҳои хурофотпарастии бегона ба сари ҳар як фарди тоҷик маҳз аз ҷониби роҳбарони ТЭТ ҲНИ мебошад. Имрӯз миллати тоҷик бояд бетараф намошад ва пеш аз ҳама зиёиёну аъзоёни пешқадами ҷомеа бояд бо ақидаҳои ғаразноки ин ташкилотҳои экстримистиву террористӣ мубориза бурда байни ҷавонон корҳои амалиро иҷро кунанд. То ин, ки ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон дуруст ҷараён гирад. Зеро яке аз мақсади асосии ТТЭ ҲНИ ин ба роҳи хатар равона кардани ҷавонон ба воситаи таъсиррасонӣ ба тафаккури ҷавонон аст. Хоинони ватан худ аз ватан берун ин корҳоро иҷро карда истодаанд, ки ин ҳам далели хоин будани онҳоро собит месозад.
Муҳиддин Кабирӣ дар қолаби ғояҳои поки дини мубини ислом, татбиқи барномаҳои авомфиребона ва моҷароҷӯёнаи аз хориҷ нусхабардориву ворид кардаашонро ба роҳ монда, тафаккури мардуми орому осоиштаро заҳролуд карда, ба издиҳому майдонишиниҳои давомнок сафарбар намуда буд. Бо истифодаи чунин усул дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оммаи мардуми роҳгумзадаро тобеи ғояҳои дуруғини ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ гардонида, ба тарғибу ташвиқи бунёди “давлати исломӣ” дар пояи падидаҳои ифротгаро сафарбар намояд. Дар ин раванд яке аз хиёнатҳои роҳбарияти ТЭТ ҲНИ иброз намудан мумкин аст, ки ин ҳам ташкили моҷароҳои сиёсӣ, оғози муноқишаҳои дохилию минтақавӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки хисороти гарони ҷонию молӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш оварда, ба тафаккури сиёсӣ ва рӯҳияи ақидавии мардуми кишвар таъсири манфиро гузошт. Ин раванди бесарусомонӣ аз соли 1990 то соли 2000 идома ёфта, ба мафкураи мардум таъсири манфии худро расонида тавонист. Муҳити ҷойдошта муносибати одамонро барои фаъолияти самаранок, риояи қонунҳои танзимкунанда, талошҳо баҳри рушди ҳаёти солими сиёсии ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ коста гардонид. Чунин муҳити ноустувор сабабгори тороҷ гардидани моликияти давлатию ҷамъиятӣ, рӯ ба таназзул овардани тамоми соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ буд. ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ фаъолияти худро ба дини поки мубини ислом пайваст намуда, аз содагию бетаҷрибагии мардум суистифода кард, мақсади нопоки худро байни эътиқодмандони мусулмони тоҷик амалӣ намуд. Аммо дар ин давра фаъолияти авомфиребона ва ҳадафу барномаҳои ин гурӯҳҳо ба ҳамагон равшан гардид, ки чӣ гуна ба давлату мардуми худ хиёнатҳоро раво дидааст. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ҳар як фиреб рӯза ошкор мегардад. Маълум аст, ки Муҳаммад Кабирӣ то ҳол аз алам пур аст. Ҳолати ӯро дар расонаҳои интернети тариқи муроҷиатҳои ҳаммаслаконаш пай бурдан мумкин аст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро аллакай тамоми мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати обод этироф кардаанд ва дар ободии кишвар баҳои баланд дода истодаанд.
Новобаста аз ин, имрӯз мардуми тоҷик бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар таълиму тарбияи насли наврас бошад омӯзгорону волидайн бетараф набошанд. Ва ҳар як шаҳрванд дарк намояд, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ба Ватан танҳо хатар меоварад. Омӯзгорон бояд, пайваста дар ташаккули ҷаҳонбинии солим ва меҳандӯстии насли ҷавон корбари кунанд, то оянда онҳо хулосаҳои солими худро бороварда тавонанд.
Раҳмоналӣ Ҳазратқулов