​Эмомалӣ Раҳмон ва давраи эҳёи давлатдори тоҷикон

Тоҷикон аз азал мардуми ориёинажод, халқиятдӯст, меҳнатпараст, ватанпарвар, бомаърифат, меҳмоннавоз буданд, ҳастанд ва мемонанд. Аммо, бо гузашти айём тағйиротҳо бисёр мешаванд, замон якранг намемонад ва шахсиятҳову ҷамъият низ дигаргун мешаванд. Чуноне, ки мегӯянд: “Вақт бо мурури замон кӣ будани кӣ ва чӣ будани чиро нишон медиҳад.”

Ҳар як кишвари дунё аз ҳар ҷиҳатҳои гуногун – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, моддӣ, маънавӣ ва соҳаҳои гуногуни дигар ба қадри имкон, ба худ хос пешрафта аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари маҳбубамон дар арсаи байналмиллалӣ аз ҷиҳати иқтисодиёт он қадар пешрафта набошад ҳам, вале мавқеи намоён, ва ба худ хосро дорад. Воқеан, Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин, макони биҳиштосо, ҷои сабзу хуррам, зебову дилрабо, сайру саёҳат ва манзили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Шахсе, ки воқеан, ватандор, ватанпарвар, меҳандӯст аст, ба қадри ҳатто як зарра хоки кишвар шукрона мекунад. Ҳамзамон, инсоне, ки Ватан дорад, меҳан дорад, Модар дорад, зодгоҳ дорад, аз обу ҳавои Ватани азизаш нафас мекашад, дар кишвари хеш зиндагӣ мекунад, воқеан, шахси хушбахт маҳсуб меёбад. Тоҷикистон мамлакати гулгулшукуфон аст.

Беҳтар бувад, ки дар Ватан мисли гадоӣ,

Аз он, ки дар бегона мисли подшоҳӣ.

Оре, ҳақ асту рост. Ба зарраи хоки Ватан ягон сарвати бегонае баробар шуда наметавонад ва нахоҳад шуд.

“Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар.”

Дар ҳар давру замон баҳри пешрафти касе,чизе, давлате ва умуман, шахситу ҷамъиту мамлакате, пеш аз ҳама Яздон ва баъдан ягон шахсияте боис мегардад, албатта.

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Аз оила оғоз карда, ҳар синф, гурӯҳ, ҷамъият ва давлат дорои роҳбар, сарвар аст. Пешрафт, баракат, пастнокӣ, бомаърифатии онҳо аз ҳамон сарвару роҳбар вобастагии калон дорад. Оддиашро мисол оварем, агар дар оила калонҳо чӣ гунае, ки хулқу рафтор мекунанд, чӣ гуна сухан мекунанд, бо ҳамдигар чӣ гуна муносибат мекунанд, хурдсолон-кӯдакон низ, ба ҳамон самт равона мешаванд, онҳоро меомӯзанд, мисли онҳо рафтор мекунанд, унс мегиранд ва дар ҳамин равиш тарбия гирифта, ба воя мерасанд. Аз ҳамин лиҳоз, умед бояд кард, ки ҳар як ҷомеаву кишвар дорои сарваре бошад, ки дар шахситу симои ӯ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ, дурандешӣ, эҳсонкорӣ, саховатмандӣ, меҳрубонӣ, бомаърифатӣ, одилӣ, ростқавлӣ, далерӣ барин атворҳо дида шавад. Ягон шахсе, ки аз болои чанд нафаре масъул аст, ҳамон атрофиён ба самте, ки он масъул онҳоро равона мекунад, хоҳ-нохоҳ, ба таври озод ё маҷбурӣ ба ҳамон самт равона хоҳанд шуд. Пешрафт, тараққиёт бо масъул, махсусан, бо масъули масъулиятшинос вобастагии зич дорад.

Дар гетӣ ҳар рӯз, ҳар соату ҳар лаҳза, дақиқаву сония тағйиротҳои куллӣ ба назар мерасанд. Дар ҷое хурсандӣ, дар манзиле вайронӣ, дар маконе ҷанг, дар давлате амонӣ ҳаст.

Ягон ҷомеае бе пастравӣ ба пеш намеравад. Ҳатто инсон ҳам. Ҳаёт пастию баландӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ замоне буд бесарусомониҳои зиёд, ҷанг, низоъ куштори якдигар, гурезагиро аз сар гузаронид, мутаассифона. Воқеаҳои фоҷиавии солҳои 1992-ро дар назар дорам, яъне, “ҷанги шаҳрвандӣ”, “ҷанги бародаркуш.” Дар он вақт дар мамлакат рӯзҳо хеле вазнин ва ноором мегузашт.

Баъди ба истеъфо рафтани собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов Қадриддин Аслонов вазифаи раиси Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Аммо, 23-юми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Аслоновро аз вазифааш озод намуданд ва ба ин вазифа Раҳмон Набиевро интихоб карданд. Ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ бар зидди ҳукумат баромада, ҳар гуна гирдиҳамоиҳоро ташкил менамуданд. Чунин гирдиҳамоиҳо рӯз то рӯз афзун мешуд. Собиқ Президенти ҶумҳурииТоҷикистонРаҳмон Набиев беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ба дарки оқибатҳои чунин ҳодисаҳо рафта натавонист. 7-уми сентябри соли 1992 Раҳмон Набиев, вақте ки аз шаҳри Душанбе ба шаҳриХуҷандпарвоз карданӣ буд, гурӯҳе аз мухолифини давлат ӯро гаравгон гирифта, фишор оварданд ва ӯ аз вазифааш даст кашида, истеъфо дод. Ҳамин тавр, дар Душанбе ҳокимият пурра ба дасти мухолифин гузашт. Чунин вазъият зарурияти таъсис намудани ҳокимияти нави ҷумҳурӣ гардид. Чунин ҳокимиятро боядИҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медод.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-и шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон, касе қудрату ҷасорат надошт, киба минбар баромада, пеши мардум сухан ронад, ба онҳо ваъдаи сулҳро диҳад. Гӯё ҳама фикр мекард, ки касе бо мухолифиникишвар мубориза бурда наметавонад. Дар ниҳоят, шахсе ба минбари баланд баромада, бо боварӣ, нотарсона, дар худ устувор бо халқ сухан меронад. Ӯ кӣ буд? Ӯ фарзанди фарзонаи мамлакат, шахси Худодод, марди майдон, родмарди Ватан, сарвати давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Он вақт ҳама ояндаи Тоҷикистонро дар симои он кас медиданд. Чунон сухан карданд, ки ҳама дар ҳайрат монда, аҳсану офарин хонданд. Дар дили мардум каме бошад ҳам, умед пайдо шуд. Аввалин сухани Сарварамон дар мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон чунин буд: “ Ман ба Шумо сулҳ меоварам... Мо ҳама бояд ёру бародар бошем.Ман ба Шумо кӯҳи тиллоро ваъда намедиҳам, балки пораи нонеро ваъда медиҳам, ки агар як порча дошта бошем, байни ҳамдигар тақсим хоҳем кард.” Сипас, ҳама бо як овоз тарафдор будани хешро иброз менамуданд. Мегуфтанд, ки мо бо Шумоем, аз пуштиШумо қадам мениҳем. Дар ҳамон лаҳзаҳо ҳама ҷони хешро андеша мекард, аммо Эмомалӣ Раҳмон аз дигаронро, ояндаи Тоҷикистонро, ҷони ҳар як шахсро, ғами Модар ва гиряи Кӯдакро. Аз рӯзе, ки он кас Сарвари давлат интихоб шуданд, гӯё давраи нави эҳёи давлатдории тоҷикон он рӯз буд. Шабҳо хоб накарда, дар фикри халқ буданд. Ҷони хешро азиз нашуморида, худро дар зери тиру туфанг мемонданд. Ба хориҷа рафта, то охирин гурезаро ба Ватан бармегардониданд. Кору пайкори ӯ оромишро дар вуҷуди ҳар як инсон ҳувайдо мекарданд. Ва дар ниҳоят, дар натиҷаи муборизаҳои зиёд 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба фарҷом расид ва ин сана ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд. Низоми нави давлатдорӣ, ки дар натиҷаи кӯшишҳои бевоситаи фарзанди барӯманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуд, барои озодии инсон ва ҷомеа заминаҳои воқеӣ фароҳам оварданд.

Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон шахси ҳалиму хоксор, ҷасур, сиёсатмадор, поквиҷдон, одил, дурандеш, меҳрубон, чӣ қадар сухан гӯем, кам аст, баҳрашон. Дар умум, шахси Худоназаркарда – баҳри гулгулшукуфоии кишвар ҷонбозиҳои зиёде кардаанд. Тоҷикистони азизро то ба ин дараҷа оварда расониданд.

Мо бояд, ҳамеша, ҳар соату ҳар лаҳза шукрона кунем, шукрона кунем, ки дар болои сарамон чунин соябоне дорем, чунин кишвари ободу хуррам дорем, ки аз ҳавои тозааш нафас мекашем. Давлатҳое ҳастанд, ки сулҳе, ки мо дорем, Сарваре, ки мо дорем, орзу мекунанд, аз Худованд талаби онро мекунанд. Масалан, Афғонистон дар ҳамсоягиамон қарор дорад, тӯли асрҳост, ки наметавонад ба ҷангҳои дохилидавлатиаш хотима бахшад. Худо медонад, агар он лаҳзаҳои вазнине, ки дар боло зикр шуд, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намубуданд, бо ҳар яки мо ҳоло чӣ мешуд, кӣ сулҳ меовард, кӣ обод мекард? Аз ин лиҳоз, шукронаи он, ки чунин Сарвар дорем, чунин Ватан бо ном Тоҷикистон дорем. Худо кунад, ки Роҳбари азизамон Эмомалӣ Раҳмон бар сари тоҷикон ҳамеша зиндаву саломат бошанд ва боз ҳам баҳри ободтар гардидани Ватани азизамон саҳми худро гузоранд.

Ман як ҷавондухтари ин кишварҳамеша Пайрави воқеии Пешвои муаззами миллат ҳастамва то ҷон дар бадан дорам, баҳри беҳбудии халқу ободии Ватани азизи хеш аз сидқи дил кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки саҳмгузор бошам!

Шукронаи ин сарзаминро мекунем,

Шукронаи ин амниятро мекунем.

Эй Пешвои созандаю арзандаи мо,

Шукронаи Шумо –эй Пешворо мекунем.

Эй Пешвои мо, эй Пешвои мо,

Раҳнамову раҳкушову Сарвари мо.

Бошед ҳамеша бар сари мо тоҷикон,

То абад зиндаву саломату ҳам ҷовидон.

Аҳсан ба он Модаре, ки Шуморо офарид бар тоҷикон,

Сари таъзим фуруд меоварем мо ҳар замон.

Эй Пешвои мо, эй Пешвои мо,

Раҳнамову раҳкушову Сарвари мо.

(аз эҷодиёти хеш)

Қаҳорова Мадинахон – донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ