Ба фитна набояд фирефта гашт
Донишгоҳи Мустафо ал оламияи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки як аз муассисаҳои бузурги таълимӣ дар Шарқи Наздик ба шумор меравад, воқеан пойгоҳи муҳими омодагардонии мубаллиғони ташаййеъ мебошад. Донишҷўёни тоҷик, ки ба ин донишгоҳ шомил гаштаанд, дар ибтидо ба суханони мубаллиғон фирефта гардида, баробар суннимазҳаб буданашон ба онҳо шиаро таблиғ мекунанд,ки пас аз чанд моҳ мубаллиғи шиамазҳаб мегарданд. Эрон дар доираи барномаҳои ҳукуматии худ мехоҳад, ки нуфузи мазҳаби шиа дар байни мардуми мусулмон зиёд бошад, аз ин рў, дар донишгоҳҳои пурнуфус ба монанди Донишгоҳи Мустафо ал-оламия фаъолияти тарғиботиро ба роҳ мондааст.
Омода кардани мубаллиғони дин – доиён, даъватчиён, мубаллиғон на танҳо дар Ҷомеат-ул-мустафо-ал-оламия, балки дар донишгоҳҳои дигари мамлакатҳои исломӣ ба монанди Миср, Сурия, Яман ва амсоли инҳо ба назар мерасад.
Ҳукумати Тоҷикистон ва ба хусус раиси ҷумҳури Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба хотири он ки ҷавонони тоҷик ба доми мубаллиғони шиа наафтанд ва минбаъд фаъолияти онҳо барои тафриқа андохтан байни ҷомеаи Тоҷикистон амалӣ нагардад, таҳсили онҳоро дар Ҷомеат-ул-мустафо ал-оламия боздоштааст.
Бар замми ин чандин нафар хатмкунандагони донишгоҳҳои Эрон ва кишварҳои араб ба мухолифини ҳукумати Тоҷикистон пайвастанд ва барои тарғиби ғаразҳои ҳизбияшон кўшиш мекунанд.
Дар Тоҷикистон он нафароне, ки муҳассили Ҷомеату-л-мустафо-ал-оламия буданд, бозпурсӣ мегарданд, зеро ин муассисаи таълимӣ барои дастгирии амалҳои террористӣ дар Шарқи Наздик ном баровардааст. Ҳар кишвар метавонад, ки барои таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷӣ шаҳрвандонро бозпурсӣ кунад ва аз ин ҳолати муқаррарӣ барпо кардани ҳангома ва овозаҳои барзиёд шарт нест.
Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон аз фурсат истифода мебарад ва ин ҳолати пайдошударо ба манфиати сиёсияш истфода мебарад.
Пайрав Сулаймонӣ