​Муборизи Ватан бошем!

Алҳол, дар миқёси олам зиддияти байнидавлатӣ аз шакли муқобилияти рӯирост ба шакли муборизаи иттиолотӣ табдил гардидаасту тавассути таъсири ахборотҳо ба мафкураи ҷомеа муваффақ шудан ба мақсадҳои худ падидаи асри ХХ1 – асри иттилоот мебошад. Мебояд қайд кард, ки дар ин муборизаи иттилоотӣ на ҳамаи ҷонибҳо амали ҳаққониву саҳеҳона анҷом медиҳанду аксаран бо хабарҳои бофтаю бӯҳтонҳо тафаккури носолимро дар ҷомеа пайдо карданӣ мешаванд. Чунин амали ношоистаро дар хабарҳои паҳншудаистодаи бархе аз нафарони Ҷумҳурии Қирғизистон метавон ошкор намуд. Ин нафарони иғвогару дасисабози ҳангоматалаб далелҳои таърихию воқеияти ҳолро рӯпушу нодида гирифта мардуми оламро бо хаёлоти ботилу кинадори худ гумроҳ месозанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки қисме аз мансабдорони қирғизистонӣ низ дар ин амали номатлуб саҳмгузоранд. Ҳол он, ки мувофиқи меъёрҳои муқаррару маъмулгардидаи одоби хизматчии давлатӣ мансабдор ғайр аз тарафдорию татбиқи мавқеи расмии давлат дигар ҳарфе набояд гӯяд. Вале, чунин беодобиро бисёр дидаву шунавида истодаем, ки шаҳодати сатҳи носолими сиёсии дохилӣ ва маърифати нокифояи ин ашхос аст.

Мебояд тазаккур кард, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти олии кишвар боре ҳам, нисбати таҳрифи маълумотҳои таърихӣ кӯшише накардаасту аз маломати ҷониби Қирғизистон доимо таҳаммулпазирӣ ва худдорӣ менамоянд. Зеро, фарҳангу тамаддуни қадимаи миллати тоҷик сафсатагӯию бӯҳтонандешарониро намеписандад. Танҳо ба сиёсатмадорони қирғизистонӣтавсия медиҳам, ки аққалан бо мӯҳтавои китоби оламшумули “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки тамоми мактабҳои илмии ҷаҳон эътироф намудааст, шинос шаванд. Баъдан, аз ҳарзагӯиҳои беасоси “ анклав будани Ворух”, “Тоҷикистон бо заминҳои қирғиз давлат шудааст” ва ғайра даст мекашанд.

Гарчанде, ки ба ашхоси мансабдори давлати ҳамсоя тавсияю маслиҳатдодан амали саҳеҳ нест, мехоҳам таъкид созам, ки миллати тоҷик ҳамеша сулҳхоҳу сабуру таҳаммулпазир буду ҳаст ва боқӣ мемонад. Вале, агар зарур гардад, бо якдилию ваҳдат қодиранд, Ватани худро ҳифз намоянду мушти тавонои обдор ба сари душмани нохалаф зананд, ки душман саркафу майнааш беҷо шавад ва ягон табибе давои он наёбад !!!!!!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ