​Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт!

Мо, мардуми Тоҷикистон, пайваста аз он ифтихор дорем, ки қавми куҳанбунёдем ва назари аҳуроӣ насибамон гашта. Дар раванди сулҳу амният, сулҳу суботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳмгузор ҳастем.

Хештаншиносӣ, меҳандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азиз рисолати азалии мо маҳсуб меёбад. Тоҷик аз қадим миллате буд, накӯву хубу порсо ва дорои маърифати баланди инсонгароӣ.

Имрӯзҳо, ки бо дасисабозиҳои баъзе аз нафарони гумроҳшуда дар хоки ватан ҳамдигарнофаҳмӣ ва нобосамониҳо рӯи кор омада истодаанд, моро ҳушдор месозад, то аз нангу номуси меҳани азиз бетараф набошем. Ҳамсоякишвар бояд аз рӯйи пиндори накӯ амал намояд, зеро мо танҳо толиби он ҳастем, ки дӯстӣ байни марзҳо, мардумон қавӣ гардад; робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равнақу ривоҷ ёфта, байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ сулҳу суботи комил густариш ёфта, зиндагии орому осуда насибамон гардад. Маҳз хирад ва тафаккури солими иштирокдорони гирудорҳои ду марз – Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд пирӯз ояд! Бо ҳамсоякишвари хеш Қирғистон мо робитаҳои на танҳо иқтисодиву иҷтимоӣ, балки хешу таборӣ низ дорем, ки нишона аз рафоқату наҷобати ин ду миллат шаҳодат медиҳад. Тафаккури солиму солеҳ бояд рӯи кор ояд, зеро модарон насли ояндаи хешро бо умеди калон ба воя расонида истодаанд, то соҳиби маърифат гардаду ба ватани хеш хидматгузор бошад ва бад-ин васила зиндагии шоиста насибамон гардад.

Кишвари азиз мисоли шоҳдарахти баланди матонату шаҳомат ва наҷобати бузург аст. Аз ин рӯ, онро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт кунем, зеро Ватан сиришти мост, Ватан Зардубиҳишти мост, қулфкушои ҳама мушкилиҳо ва майдони нангу номусу имон!

Дар ҳифзи марзу буми Ватан, ки зиндагии шоистаи мо аз он маншаъ мегирад, бетараф набошем. Тамоми хирад, маърифат, зеҳн, ташаббус, иқдомҳои накӯи хешро баҳри он равона созем, ки ҳар як ваҷаби хоки он муқаддас нигоҳ дошта шавад!

Тоҷикистони маҳбуб бо фарзандони шуҷоатманду далери хеш ифтихор дорад ва намегузорад, ки меҳани азиз заррае бошад ҳам, осеб бубинад. Иродат ва эътимоди комил дорем, ки пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек шиори ҳамешагии мо ҳаст ва хоҳад монд!

Бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарвари оқилу одил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меболем ва бовар дорем, ки маҳз маърифат ва адолатгустарии эшон моро ба сулҳи комил, осмони софу беғубор ва ҳаёти осоишта раҳнамун месозад ва дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб моро дастгиру мададгор хоҳад буд.

Кафедраи адабиёти муосири тоҷик


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ