​Конфронси илмӣ-анъанавӣ дар факултети санъат

Дар толори факултети санъат ҷаласаи ифтитоҳии конфронси илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавону донишҷўён баргузор гардид. Дар ҷалсаи ифтитоҳӣ маърўзаи номзади илмҳои таърих, дотсент Аминҷонов Раҳимҷон оид ба масъалаҳои рушди мусиқии халқи тоҷик дар даврони Истиқлолият шунида шуд. Баъдан бо ташаббуси кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Ҳакимов Н.Ғ. консерти ҳисоботии ансамбли донишҷўёни ихтисоси санъати мусиқӣ манзур гардид.

Кори конфронс дар бахшҳои таърих ва назарияи санъат, мусиқии суннатии тоҷик бо иштироки устодон ва олимони ҷавон идома ёфта, дар маҷмуъ 7 маърўзаи устодон ва олимони ҷавон шунида шуд.

Пешниҳод гардид, ки маърўзаҳои ҷолиби бахши конфронс дар сурати дастур ва ё маҷмўа интишор карда шаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ